Ҳукми Суди шаҳри Ҳисор нисбат ба гумонбаршуда дар таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ, ки ба 5 соли зиндон маҳкум шуда, ҳамон замон дар толори мавриди авф қарор гирифтаву озод шуд, дар шабакаҳои иҷтими сарусадоҳои зиёд ба бор овард. Аксарияти корбарони шабакаҳо онро маҳкум намуда, “беэътиноӣ ба амалҳои бадахлоқона нисбат ба ноболиғон” номиданд.

Рӯзи 9 декабр Суди шаҳри Ҳисор гумонбаршуда дар таҷовуз ба номуси духтари ноболиғро ба 5 соли зиндон маҳкум намуда, ҳамон замон дар толори суд ӯро авф кард.

Парвандаро судя Саидаҳмад Усмонзода баррасӣ намуда, мурофиа пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд.

Ҳусниддин Абдуллоеви 42-соларо на барои таҷовуз ба номус, балки барои алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ба синни 16-солагӣ нарасидааст, маҳкум намуданд, ҳарчанд ӯ ба ин духтар ҳатто таҳдиди куштанро карда буд.

Ҷониби ҳимояи ҷабрдида аз суд боисрор талаб кард, ки айбдоршаванда бо моддаи 138, қ. 3 (Таҷовуз ба номус) маҳкум карда шавад, лекин суд мутобиқи моддаи 141, қ. 1 КҶ ҶТ (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят) ҳукм бароварда, ӯро ба 5 соли зиндон маҳкум кард, ки ҷониби ҳимоя ба ин ҳукм розӣ нест.

Оилаи духтари 13-сола, ки ҳафт моҳ пеш фарзанд таваллуд кард, низ ба ҳукм норозигӣ изҳор намуда, бо шикояти таҷдиди назар ба Суди Олӣ муроҷиат кард. Шикоят ба Суди олӣ рӯзи 18 декабр пешниҳод шуд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои фаҳмидани далели додрас ва огоҳӣ аз ҷузъиёти парванда рӯзи 22-юми декабр ба Додгоҳи шаҳри Ҳисор рафтанд. Дар додгоҳ гуфтанд, парванда "муҳри махфӣ" дорад ва, бино бар ин, наметавонанд ҷузъиётро ошкор кунанд.

Гуфта мешавад, худи додраси парванда ҳозир нашуд, ки дар бораи ҳукми содиркардааш муфассал суҳбат кунад ва ба пурсишу нигарониҳои корбарони интернет посух диҳад.

Ноболиғи 13-сола низ аз афв шудани гумонбари таҷовуз ба номус розӣ нест. Вай рӯзи 22-юми декабр гуфт, "додрас аз ман пурсид, ки ҳодиса чӣ хел шуд? Гуфтам, маҷбурӣ ин корро кард. Маро зад ва беҳуш намуд. Бо ин вуҷуд, аз толори додгоҳ озод карданд. Дар аввал мегуфтанд, метавонад даҳ сол зиндонӣ шавад."

Духтари 13-сола илова кардааст, ки тобистони соли 2019 яке аз хешовандон ба номусаш дастдарозӣ ва ӯро дар айёми наврасӣ ба мушкил гирифтор кард. Хонаводааш мегӯянд, замоне аз ҳодиса хабардор шуданд, ки тифли батнаш ҳаштмоҳа буд. Модари духтар гуфтааст, ҷавоне, ки ба фарзандаш чунин рафтор кард, писари хоҳараш Ҳ.А. аст ва ӯ зану ду фарзанд дорад.

Пайвандони ҷавони афвшуда дар суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳро одилона ва иттиҳоми таҷовуз ба номусро туҳмат номиданд.

"Ҳар сухане, ки нисбат ба писари ман гуфтанд, туҳмат буд. Ҳатто синни писарамро даҳ сол калон наивштанд. Дар асл фарзандам 32-сола аст, ӯро 42-сола гуфтанд. Санҷиши ДНК ҳам манфӣ баромад. Духтарро медонам, ки чӣ хел буд. Ҳама корро ба сари писари ман бор карданд", - гуфтаст модари ҷавони афвшуда ва аз ин зиёд гап задан нахостааст.

Дар ҳамин ҳол, қаблан хонаводаи духтар аз ҷараёни тафтишот норозӣ буданд. Онҳо гуфта буданд, парвандаи марди гумонбар аз банди "таҷовуз ба номуси ноболиғ" ба банди "робитаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба 16 нарасидааст" иваз шудааст ва он ҷазои сабуктар дорад.

Гулчеҳра Раҳмонова, роҳбари Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ”, ки намояндагонаш аз манфиатҳои ҷабрдида ҳимоят мекунанд, чанде пеш ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки онҳо аз ҳукм норозӣ буда, аз болои он ба Суди олӣ шикоят мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, суди шаҳри Ҳисор чунин парвандаи ҷиноятии ҷиддиро ҳамагӣ дар зарфи як рӯз баррасӣ намуда, аллакай дар рӯзи дуюм ҳукм эълон кард, лекин маълумот дар бораи эълони ҳукмро ба ҷомеа хабар надод.

“Мо бо ҳукми суд норозием, чунки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ ба бисёр камбудиҳо роҳ дода шуд”, - изҳор дошта буд ба “Азия-Плюс” Гулчеҳра Раҳмонова.

Ӯ қайд кард, ки қонуни охир дар бораи авф моҳи октябри соли 2019 қабул шуда, ҷиноят моҳи августи соли 2019 содир гардид.

“Бо вуҷуди моҳи майи соли 2020 боз шудани парвандаи ҷиноятӣ, аз рӯйи қонун замони содир шудани ҷиноят ба инобат гирифта мешавад, - зикр карда буд ӯ. -  Пас агар ҷиноят то қабули қонуни авфи соли 2019 содир шуда бошад, судшаванда таҳти авфи ҳамон сол қарор мегирад. Маҳз бо ҳамин сабаб айбдоршаванда аз толори суд раҳо шуд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.