Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки 15 декабр дар кӯчаи Борбад соати сеюними шаб байни сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Сунатулло Давлатов ва ҷавонзани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе Сабоҳат Расулова муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, онҳо бо рафтори дағалона якдигарро дашномҳои қабеҳ додаанд.

Роҳгузари тасодуфӣ, сокини 23-солаи ноҳияи Шоҳин Таваралӣ Раҷабов онҳоро ба оромӣ даъват намуда, мехоҳад аз ҳамдигар халос кунад.

“Ин рафтори роҳгузар ба Давлатов писанд наомада, ҳамроҳи дӯсташ - сокини пойтахт Бахтиёр Иброҳимови 18-сола Раҷабовро мавриди латукӯб қарор медиҳанд, ки дар натиҷа роҳгузар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст”, - хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсат.

Гуфта мешавад, нисбати С.Давлатов ва Б.Иброҳимов мутобиқи моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ то 5 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.