Дилором Самиева ҳамсари Баҳром Иноятзода – шаҳрдори пешини Кӯлоб дар назди бинои додгоҳи минтақа даст ба эътироз задааст. Ӯ гуфтааст, ки моҳҳо барои дидорбинӣ бо шавҳараш талош мекунад, вале иҷоза намедиҳанд шавҳарашро бибинад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Дар Додгоҳи минтақаи Кӯлоб ба “Озодӣ” сабабҳои роҳ надодани пайвандони Иноятзодаро барои дидор бо ӯ шарҳ надоданд.
Аммо як мақоми додгоҳ дар суҳбат тасдиқ кардааст, ки Дилором Самиева пас аз нисфирӯзии 30-юми декабр ба назди бинои додгоҳ рафта, ҳудуди ним соат бо садои баланд дод задааст. "Фарёд мекашид, ки "маро ҳамроҳ бо шавҳарам зиндонӣ кунед, беинсофҳо". Посбонҳо ӯро аз назди бино дур карданд", -- гуфт мусоҳиби мо.
Пайвандони Дилором Самиева гуфтанд, пас аз ин ҳодиса фишораш баланд шуда, баъди хӯрдани дору феълан имкони суҳбат карданро надорад.
Хоҳари Баҳром Иноятзода Муҳаббат Иззатова ҳам гуфтааст, ки аз моҳи июн то ин дам ба онҳо иҷозаи мулоқот надодаанд. "Охир, як бор бинем, ки ӯ чӣ ҳол дорад. Ҳамсараш ба ҷон омад ва имрӯз рафт. Мегӯянд, аз "боло" иҷозат нест. "Боло" кӣ аст? Мисли тӯби футбол шудаем, намедонем, додамонро ба кӣ бигӯем", - гуфтааст ӯ ба Озодӣ.
Баҳром Иноятзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб рӯзи 20 ноябр ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.Парвандаи раиси пешини Кӯлоб дар додгоҳи минтақавии вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ мешуд.
Иноятзода бо 6 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: суистифода аз ваколатҳои мансабӣ; гирифтани пора дар ҳаҷми бузург; аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда; қаллобӣ; ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада муттаҳам мешуд.
Ба ҷуз Баҳром Иноятзода чор нафари дигар низ дар ин парванда шомил буданд. Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ дар нисбати онҳо чи ҳукме содир кардааст. Гумонбарони дигар дар ин парванда Хурсандалӣ Хурамов ронандаи Иноятзода бо ду модда: 247 қисми 2, (қаллобӣ), 36 (шарикӣ), 319 қисми 4; Фирӯз Қурбонов, сармутахассиси шуъбаи шаҳрсозии ҳукуматаи шаҳри Кӯлоб бо моддаҳои 36 қисми 2, 319 қисми 4; Ашӯрмадов Хуршед Ҳасанович, мудири қисми хоҷагии ҳукумати ин шаҳр бо моддаҳои 245 қисми 3, банди «а», 245 қисми 3, 323, Муҳаммадӣ Шамсиддинов,масъули ҳамлу нақли сангҳои ороишӣ барои таъмири бинои Ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо моддаи 259 қисми 2 буданд.
Баҳром Иноятзода то омадан ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб дар гузашта раиси шаҳри Истаравшан ва узви Маҷлиси Миллӣ буд.Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард ва ӯро яке аз "Хоҷа Аҳрорвалиҳои нав" гуфт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста