ВКД аз боздошти як сокини ноҳияи Ёвон хабар медиҳад, ки дар як муоимилаи тиҷоратӣ 659 ҳазору 511 сомонӣ пули ҷавоҳироти тиллои як сокини Душанберо надодааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  як сокини 45-солаи ноҳияи Ёвонро боздошт кардааст, ки моҳи сентябри соли 2019 аз як сокини шаҳри Душанбе ҷавоҳироти тиллоияшро гирифтаву 725 ҳазору 560 сомонияшро баргардонидаву 659 ҳазору 511 сомонии дигарашро надодааст.

ВКД кирдори ин зани 45-соларо қаллобӣ унвон кардааст.

Ҳоло маълум нест, ки бар пояи ин далел  парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё не, зеро ВКД танҳо гуфтааст, ки нафари гумонбар боздошт шуд ва ҳодисаро ин ниҳод тафтиш мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.