Масъулони Ситоди ҷумҳуриявии назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ, аз рӯзи таъсисидиҳии ситод (10 декабр) то 26-уми декабр дар сартосари ҷумҳурӣ 4 ҳазор 381 ҳолати истифодаи ғайриқонуни нерӯи барқро ошкор кардаанд.  

Вазорати корҳои дохилӣ, ки масъули ин ситод мебошад ба «Азия-Плюс» гуфт, ки дар ин 16 рӯз 42 миллиону 676 ҳазор сомонӣ қарзҳои муштариён рӯёнида шудааст. Ҳамзамон ситод муайян кардааст, ки дар ин давра бар асари истифодаи ғайриқонунии неруи барқ 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ зарар расонида шуддааст.

Бино ба иттилои ВКД, 9 кирдори ҷиноятии дигар ҳам ошкор шудааст, ки тибқи моддаи 253 КҶ ҶТ (расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ) банду баст шуда, санҷиш давом дорад.

Имсол бар пайи нотавонӣ дар таъмини барқ ва зиёд шудани мушкилоти марбут ба барқ дар Тоҷикистон 10-уми декабр бо дастури ҳукумат дар ҷумҳурӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявии назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд, ки онро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ мекунад.

Ба ин ситод ҳуқуқ додаанд, ки ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати  истифодаи неруи барқ ба манзили истиқоматии сокинон ворид шавад.

Зимнан ширкати «Барқи тоҷик» имрӯз маҳудудияти нерӯи барқро дар кишвар расман эълон кард, ки маҳдудияти барқ аз рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад. Дар муроҷиатнома инчунин гуфта шудааст, ки «ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар кишвар,  дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад».

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.