Нозири гурӯҳи назорати давлатии зидди сухтори Қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар Ҳисор Искандар Асоев ба гумони даст доштан ба порагирӣ ба миқдори ниҳоят зиёд боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, ӯ ба сокини маҳаллӣ ваъда додааст, ки ба ивази 18 ҳазор сомонӣ ӯро ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа қабул мекунад.

Гуфта мешавад, Искандар Асоев ҳангоми гирифтани пул бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, муофиқи ин модда ба ӯ ҷазои то 5 соли зиндон ё ҷарима ба маблағи то 54 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.