Як корманди корҳои ислоҳии Вазорати адлия барои мусоидат кардан дар таъини ҷазои сабуктар ва гирифтани пора боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назортаи давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, санаи 21 июли соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Абдумаҷид Собиров баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 8000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Гуфта мешавад, ки номбурда дар вазифаи нозири Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказии СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

«Ӯ  бо истифодаи мақоми хизматӣ, барои мусоидат кардан дар таъини ҷазои сабуктар нисбат ба шаҳрванд «А», ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар суди ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор дошт, аз охирин маблағи 10.000 сомонӣ талаб карда гирифта, боз оварда додани маблағи 8.000 сомонии дигарро талаб намуд», - омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки бар ин асос нисбат ба гумонбар бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.