Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон аз қочоқ шудани миқдори зиёди доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар давраи ҳассоси хуруҷи коронавирус пешгирӣ кардааст. Як тоҷири шаҳрванди Афғонистон мехостааст ин маводи дорувориро семент номнавис кунаду қочоқ кунад. 

Зафар Муҳамадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон  дар нишасти хабарӣ гуфт, вале кормандони гумрук ин маводро аз зери халтаҳои семент пайдо кардаву нагузоштаанд, ки ба Афғонистон биравад.

“Санаи 25 июни соли 2020 ҳангоми муоинаи гумрукии автомашинаи Дулан, рақами давлатиаш ТҶ 12 34 СУ 01 аз таги халтаҳои семент 1 т 865 кг маводи доруворӣ, антисептикӣ, ки дар ҳамон шабу рӯзи авҷи пандемия барои кишвари мо хеле зарур буд, дарёфт карданд. Шаҳрванд Олимбеков Аҳмадалӣ мехост пинҳонӣ ин маводи доруворӣ ва антисептикиро тариқи қочоқ ба ҶИ Афғонистон интиқол бидиҳад”,- гуфт Зафар Муҳаммадиев.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, аз қабили “Фитонефрин”, Парасетамол, дастпӯшак, витамин-В, Операзол, Метрогил, Нош-бра, Аналгин, Азитромитсин, Дексаметазона фосфатро мехостанд аз кишвар берун кунанд.

“Хушбахтона, кормандони гумрук ҳангоми муоинаи гумрукӣ ин маводи дорувориро ошкор карда, нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд, - гуфт ӯ, аммо ӯ шарҳ надод, ки нисбати ин нафар бо кадом моддаи кодекси ҷиноӣ парванда боз шуду ӯ чӣ ҷазо гирифт.

Муҳаммадиев аз ҳолати дигарӣ пешгирӣ кардани воридоти маводи пастсифати хӯрокӣ ба кишвар низ хабар дод. 

Ба гуфтаи ӯ, ғайр аз ин моҳи январ як соҳибкор мехост як мошин нонҳои қоқшуда (сухарик) истеҳсоли Покистонро ба кишвар ворид кунад. Вале ба хотири ба талабот ҷавобгӯ набудан, ин маҳсулот бозпас гардонида шуд. Мутаассифона, ин соҳибкор борро ба Афғонистон баргардонда, баъди як ҳафтаи дигар мошинро иваз карда, мехост ҳамон маҳсулотро дубора вориди кишвар кунад. Аз тарафи мутахассисони гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён ин ҳиллаи соҳибкор ошкор шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд, - гуфт сардори раёсат.

Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки дар соли 2020 беш аз 258 тонна чойи истеҳсоли Эрон, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуд, барои ворид шудан ба кишвар иҷоза дода нашуд ва ба кишвари истеҳсолкунандааш бозпас гардонида шуд.

Мувофиқи омори пешниҳодкардаи раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон, дар соли 2020 ин ниҳод 140  парвандаҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ва 5 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Дар асоси парвандаҳои маъмурӣ 308 ҳазору 934 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.