Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Деваштич маълумоти фаврӣ мерасад, ки сокини 22-солаи ин ноҳия Шаҳриёр Қосимов дидаву дониста истеъмолгаронро фиреб медиҳад.

“Гумонбаршуда наздики як сол инҷониб ба истеҳсоли асали сунъӣ машғул шуда, бо истифода аз шакар, кислотаи лиму, оби нӯшокӣ ва иловагиҳои маззадиҳанда маҳсулоти ба асал монандро таҳия ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Ҷ.Расулов, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Конибодому Исфара ҳамчун асали табиии дар шароити кӯҳистон истеҳсолшуда ба фурӯш мебаровард”, - хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, бо ҳамин мақсад ҳуҷраеро дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов ба иҷора гирифта, дар шароити ғайрисанитарӣ моеъи зоҳиран ба асал монандро омода месохт.

“Ташхис муайян кардааст, ки маҳсулоти истеҳсол намудаи Шаҳриёр Қосимов дар таркибаш кислотаи лиму ва миқдори зиёди крахмал дорад, ки барои истеъмол ба саломатии инсон зараровар мебошад ва метавонад ҳассосият (аллергия), яъне аксуламали музмини системаи масъунияти организми одам ба маводу маҳсулотеро ба вуҷуд орад, ки маъмулан безарар ҳастанд”, - омадааст дар маълумоти ВКД.

Ба иттилои тафтишоти пешакӣ, гумонбаршуда барои таҳияи 1 кг асали сунъӣ наздики 10 сомонӣ хароҷот мекард ва онро аз 20 то 30 сомонӣ мефурӯхт.

Зикр мегардад, ки айни ҳол нисбати Шаҳриёр Қосимов тибқи талаботи моддаи 294 Кодекси ҷиноятӣ - фиреби истеъмолкунанда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ба ӯ ҷазои 180 ҳазор сомонӣ ҷарима ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.