Баъди 13 рӯзи кофтукоби зани 53-солае, ки дар куштори писарчаи 7-сола хешу табораш гумонбар дониста мешуд, боздошт шудааст.  Дар ин бора ба «Азия-Плюс» яке аз наздикони ин хонавода иттилоъ дод. РАКД дар Душанбе низ ин хабарро таъйид кард.

Зани гумонбар дар қатли ноболиғи 7-сола Муборак Абдураҳмонова аст, ки аз рӯзи содир шудани ҷиноят дар ҷустуҷӯй қарор дошт. 

Наздикони писараки кушташуда мегӯянд, ки пулис Абдураҳмоноваро аз ҳудуди ноҳияи Варзоб пайдо кардаанд. Аммо аз РВКД Душанбе ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ин зан дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздош шудааст ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои ин ниҳод парвандаи ин ҳодисаро додситонӣ пеш мебарад ва ҷузъиёти  дигари парванда марбут ба ин ниҳод аст.

Наздикони ноболиғи кушташуда дар мавриди боздошти ин зан ҷузъиёти дигар надоданд ва гуфтанд, ки "наметавонем маълумоти бештар бидиҳем, зеро раванди тафтишот аст, аммо ӯ бемории руҳӣ надорад ва бояд тибқи қонун ҷазо бигирад».

Бояд гуфт, ки ҳодисаи куштор рӯзи 5 март дар кӯчаи ба номи Олег Кошевойи пойтахт рух дод, буд ва ба  “Азия-Плюс” аз РВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода буданд.

Гуфта мешуд, ки “дар куштори писарча хеши ӯ - зани 53-солаи амаки падари кӯдак гумонбар дониста мешавад. 

Аммаи писарчаи кушташуда он вақт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” изҳор карда буд, ки дар куштор зани амаки падари кӯдак, Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола гумонбар дониста мешавад.

Писараки 7-соле, ки Абдураҳмонова бо гумони қатлаш боздошт шудааст

Ба гуфтаи ӯ, аз сабти навори камераҳои мушоҳидаи видеоии дар мағозаи бародараш насбшуда воқеъ дар паҳлӯи хонаи кӯдак дида мешавад, ки чӣ гуна гумонбаршуда бо роҳи фиреб писарчаро ба хонааш даъват намуда, баъди чанд дақиқа бо сарулибоси дигар аз хона мегурезад.

“Дар камераҳо ҳамааш сабт шудааст ва мо дидем, ки вақте ҷиянам аз мактаб меояд, барои харидани маҳсулот ба мағоза медарояд, - гуфт ӯ. - Муборак ӯро ба хонааш даъват мекунад. Даме, ки ҷиянам ба дари хона наздик мешавад, зан зӯран ӯро ба хона дароварда, баъди 10 дақиқа хонаро тарк кард ва то ҳол дар куҷо будани ӯ маълум нест”.

Наздиконаш он замон гуфта буданд, ки писарча баъди дарсҳо бояд ба хона меомад, лекин барнагашт. Оилаашон дар фикри он будаанд, ки ӯ ҳамроҳи бибиааш аст, ки роҳбари синфи писарча мебошад. Баъди фаҳмидани он, ки ӯ дар мактаб нест, ҷустуҷӯи ӯ оғоз гардидааст.

Ин ҳодиса дар расонаҳо ва шабакҳои иҷтимоӣ боздошти густардае дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.