Рӯзи 9-уми апрел баъди танаффуси тақрибан панҷмоҳа мурофиаи додгоҳии баррасии парвандаи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо хабар дод.

Ба гуфтаи номбурда, рӯзи 9-уми апрел соати 13 дар Додгоҳи вилояти Маскав ҳамроҳи ҳимоятгари худ Шавкат Умаров ва дигар наздикону пайвандонаш дар мурофиаи навбатии додгоҳӣ иштирок хоҳанд кард.

Саидов мегӯяд, то кунун огаҳӣ надорад, ки дар мурофиаи навбатӣ гумонбари қатли фарзандаш Александр Сёмин иштирок мекунад ё на. Ба гуфтаи ӯ ин паҳлӯи масъала давоми рӯз маълум мегардад.

Падари Ҳувайдо мегӯяд, аз ин мурофиаҳои бенатиҷа хеле хаста шудааст, вале умед ва боварӣ дорад, ки гумонбар ҷазои худро мегирад. Вале мегӯяд, эҳтиёҷ ба дастигирии мардум ва аз ҷумла Ҳукумати Тоҷикитон дорад. 

«Ба кӯмаки ҳукумати кишварамон эҳтиёҷ дорам. Ман фарзанди маъюб дорам ва  хоҳиш дорам ба фарзандам кӯмак расонанд. Барояш кӯмаки молӣ расонад ва аробача диҳанд. Ва дар қазяи ман бетараф набошанд»,-мегӯяд Саидов. 

Ин хонавода ҳамчунин аз дигар шахсони дорои имкониат хостори ёрӣ ба хонаводааш аст. 

Хотиррасон мекунем, ки 22-юми июли соли 2018 аз қатлу таҷовузи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, такрибан 3 сол .сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст. Падари Ҳувайдо афзуд, ки дар беморхонаи равонӣ қарор доштани Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо сабаби то ҳол ҷазо нагирифтанаш ва тамдид шудани мурофиаи додгоҳӣ мебошад.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Аммо баъдан наздикони Сёмин ва вакили дифояш гӯё ба далели гирифтори бемории равонӣ будани ӯ кори мурофиаи додгоҳиро кашол доданд.

Бояд гуфт, ки Александр Сёмин, гумонбар Ҳувайдо Тиллозода дар мурофиаи охирин, ки рӯзи ҷумъа, 20 ноябри сои 2020 дар Додгоҳи вилояти Маскав баргузор гардид, иштирок накард.

Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон  ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.