Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маълумоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршударо дар бораи дастгиркунии як нафар шаҳрванд ба хотири маҷбурӣ ҷалб кардани ӯ ба хизмати ҳарбӣ (облава) рад кард.

“Санаи 6 апрел дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори дастгиркунии як нафар шаҳрванд аз ҷониби кормандони милитсия паҳн гардида, корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба ҳодисаи ҷалби маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки дар байни ҷомеа ҳамчун «облава» маъруф аст, рабт додаанд”, - менависад маркази матбуоти Раёсати ВКД дар пойтахт.

Гуфта мешавад, дар асл навори видео ҳангоми боздошти зодаи 39-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, соҳиби се фарзанд Имомалӣ Идибегов сабт шудааст.

“Идибегов аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба гумони узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” (фаъолияташ манъшуда дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) мавриди пайгард эълон шудааст, - хабар медиҳад манбаъ. -  Чун огаҳ мешавад, ки дар Русия мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, ба Тоҷикистон фирор намуда, лекин дар ин ҷо боздошт шуд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.