Нисбати 2 корманди неругоҳи барқи обии Норак аз рӯйи далели тасарруфи маблағи ниҳоят зиёд парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, хабар медиҳад Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, дар ҷараёни санҷиши фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории неругоҳи Норак бо супориши директори Агентии зиддифасод Сулаймон Султонзода, амалҳои ғайриқонунии шахсони масъули моддии неругоҳ Олга Шишпарегнко ва Лутфулло Раҳматулооев ошкор шудааст.

“Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки онҳо ба воситаи 38 корти пластикӣ музди меҳнати кормандонро ба маблағи умумии 2 млн. 383,1 ҳазор сомонӣ тасарруф намудаанд”, - омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, аз маблағи зарари ошкоркардашуда дар рафти санҷиш 1 млн. 818,5 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.

Зикр мегардад, ки нисбат ба шахсони дар боло зикршуда мутобиқи моддаҳои 245, қ.4 (Азонихудкунӣ ё камомад) ва 323 (Сохтакории хидматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин моддаҳо маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 15 сол бо надоштани ҳаққи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғл шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.