Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд алайҳи як зани ҷавони фурӯшанда, ки дар латукӯби зани фурӯшандаи дигар муттаҳам мешавад, бо ҷурми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ду фурӯшанда барои тиҷорате дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд даст ба гиребон шудаанд.
Ҷанҷоли ин ду савдогар дар назди маркази тиҷоратии “Барфак” воқеъ дар кӯчаи “Шарқ”-и шаҳри Хуҷанд, ҳудуди бозори Панҷшанбе “барои савдо” сар задааст.
Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти Раёсати корҳои дохилии Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, ба далели ин ки парванда ниҳоӣ нашудааст, аз расонаӣ кардани номи онҳо худдорӣ мекунад. Ӯ гуфт, фурӯшандаи 32-сола бо як фурӯшандаи дигари 47-сола, ки ҳарду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд, рӯзи 2-уми апрел даст ба авбошӣ задаанд.
“Ҳар дуи соҳибкорзанон барои савдо ҷанг кардаанд. Соҳибкорзани ҷавон дар пайи ҳиссиёти авбошӣ нисбати як соҳибкорзани дигари 47-сола суханҳои қабеҳ гуфта, ӯро латукӯб ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст”.
Мақомоти милиса рӯзи 13-уми апрел аз рӯйи ҳодисаи авбошӣ нисбат ба фурӯшандаи 32-сола бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста