Кормандони милитсияи шаҳри Норак аз рӯйи далели тайёр кардан ва кӯшиши ба фурӯш баровардани пулҳои қалбакӣ ду нафар ҷавонони синии 23 ва 17-соларо боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурдагон, давоми ду моҳи ахир бо мақсади ба муомилот баровардани асъори хориҷии қалбакии доллари амрикоӣ аз шиносашон марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур купюраҳои 100 доллараи амрикоии қалбакиро дастрас намуда, ба ҷавони 28 ва марди 45-солаи сокинони ҳамин шаҳр ба фурӯш баровардаанд.

Гуфта мешавад, аз онҳо 7 ҳазору 800 долларҳои қалбакӣ мусодира шудааст, лекин ин долларҳоро онҳо аз кӣ дастрас кардаанд, ҳоло маълум нест.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.