Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавоне дар ноҳияи Ашт хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод онҳо як зани 31-солаи сокини ин ноҳияро таҳдид кардаанд, ки барояшон 4 ҳазор сомонӣ бидиҳад, вагарна видеои лаҳзаи шабона ба як мошин савор шуданашро нашр мекунанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД "ба ШВКД дар ноҳияи Ашт бо ариза зани 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи январи соли 2021 то инҷониб “Довар” ва “Равшед” ном шахсон, бо таҳдиди он, ки гӯё охирон дар нисфи шаб ба автомашинаи “Одил” ном шахс савор шуданашро ба навор гирифтаанд, аз ӯ 4 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд".
ВКД мегӯяд, ки ин ду ҷавони сокини ҳамин ҷамоатро 24-уми апрел ҳангоми гирифтани 4 ҳазор сомонӣ дастгир кардаааст.
Ҳоло ин ниҳод алайҳи ин ду ҷавон бар асоси қисми 2-и моддаи 250-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боздошти 15 нафар барои ҳамлаҳои террористии монанд ба “Крокус” дар Душанбе ва Ваҳдат
“Билетҳоро бозпас медиҳанд”. Парвози тоҷикон ба Русия кам шудааст
Тими Аврупо сатҳи огоҳии аҳолиро оид ба диабети қанд дар Тоҷикистон баланд мебардорад
Чӣ тавр оид ба кор дар Британияи Кабир маълумоти ройгон пайдо кардан мумкин аст?
“Ба фитнаву бало гирифтор нашавед!”. Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, эҳтиёткор бошанд
Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”
Тоҷикистон шумори квотаҳоро ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ то 6,5 ҳазор адад кам кард
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста