Кормандони милитсияи ноҳияи Кӯшониён сокини 31-солаи маҳаллӣ. Д.Мирзоевро, ки дар Русия мавриди пайгард қарор дошт, боздошт намуданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, боздоштшуда ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия 1 феврали соли 2016 бо ҳамдеҳааш Одилҷон Ҳакимов муноқиша карда, бо корд ду маротиба ба ӯ зарба мезанад ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Он замон ба табибони Русия муссар мегардад, ки ҳаёти Одилҷон Ҳакимовро наҷот диҳанд.

Нисбат ба Д.Мирзоев мутобиқи моддаи 110, қ.1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ мавриди пайгард эълон шуд.

Дар сурати исботи гуноҳ ба ӯ ҷазои аз 8 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.