Кормандони милитсия сокини ноҳияи Варзобро ба гумони даст доштан дар куштори соли 1995 рухдода боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба куштори 26 сол пеш содиршуда марди 50-сола гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, соли 1995 ин мард аз пулемёти Калашников 5 хизматчии ҳарбиро дар минтақаи шарқи Тоҷикистон парронидааст.

“13-уми майи соли 1995 ҳангоми дар дидбонгоҳи деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод қарор доштанаш бо истифода аз пулемёти тамғаи “Калашников” чор нафар хизматчиёни ҳарбии  Қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон ва як нафар корманди ШВКД дар ноҳияи Нурободро ба қатл расонидааст”, - омадааст дар хабари ВКД.

Зикр мегардад, ки нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.