Сафаорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, 10 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Осетияи Ҷанубӣ банд монда буданд, раҳо кардаву ба Тоҷикистон баргардонидааст.

Сафорат дар ак хабарнома гуфтааст, ки “ин шаҳрвандон муҳлати зиёд дар Осетияи Ҷанубӣ дар монда буданд ва имкониати ба ватан баргаштанро надоштанд”.  

Дар хабарномаи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав омадааст, ки  ин нафарон бо ташаббуси ин ниҳод аз Осетия берун оварда шудаанд. 

“Барои ин нафарон аз ҷониби мақомоти Русия бо дархости Намояндагии дипломатӣ роҳи транзитӣ кушода шуда ва бо воситаи нақлиёт давоми се шабонарӯз ба Фурудгоҳи байналмилаии "Внуково" оварда шуданд”,-мегӯяд Сафорат.

Дар мавридми ҳувияти ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар хабарномаи сафорат чизе гуфта нашудааст ва ҳамчунин далели барои муҳлати зиёд банд мондани онҳо низ зикр нашудааст.

Вале ба далели ин ки Осетияи Ҷанубиро ба унвоняи як кишвари мустақил аксари давлатҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон эътироф накардаанд, ҳангоме ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар аз қаламрави Русия ворид мешаванд, барои берун рафтан ба мушкили ҳуқуқӣ дучор меоянд.

1/3

Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон, ки ҳоло худро кишвари мустақил эълон кардаанд, то соли 2008 қаламрави Гурҷистон шинохта мешуданд. Русия, моҳи августи соли 2008, пас аз ҷанги панҷрӯза бо Гурҷистон ин ду минтақаро ҳамчун давлатҳои мустақил ба расмият шинохт.

Тоҷикистон ин кишварро ба расмият нашинохтааст ва мантиқан санадҳоеро, ки ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон содир кардааст, эътироф намекунад. Аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар ба мушкилоти ҳуқуқӣ гирифтор мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорати Тоҷикистон дар гузашта ҳам аз шаҳрвандони Тоҷикистон борҳо хоста буд, ки аз сафар ба ин минтақаҳо худдорӣ кунанд, то бо мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд.

Дар гузашта ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон дар монда буданд ва бо подармиёнии Сафорати Тоҷикистон дар Русия берун оварда шуданд.

Дар мавриди ҳодисаи ахир, Сафорати Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳангоми сафари ин шаҳрвандон, ки миёни онҳо зану кӯдакҳо низ буданд, онҳоро бо ҷойи хоб ва ғизо таъмин кардааст.   

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.