Солҳои охир, беш аз ҳар вақти дигар ҳам дар расонаҳо ва ҳам аз сӯйи атрофиён дар бораи ба ҳалокат расидани занон дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар натиҷаи хушунати хонаводагӣ хабарҳо паҳн мешавад.

Мардум мегӯянд: "Оилаи ман, қалъаи ман". Пас маълум мешавад, ки аксар вақт касе ҷуръат намекунад, ки дохили қалъаи бегонаро бинад ва ҳатто бештар дахолат кунад, ҳатто агар мебинад, ки алайҳи бошандагони он қонуншиканӣ рух додааст. Пас оё ин ҷоиз аст, ки оила барои дигарон дастнорас асту дар дохили он каси қавитар метавонад ҳар ҳар коре, ки бихоҳад бикунад?

Давлат ҳифзи оиларо кафолат медиҳад, қонунҳо ҳимояи аъзои оиларо аз 4 навъи хушунате кафолат медиҳанд, ки ҳар як аъзои оила метавонад дучори он шавад. Ин узви хонавода ҳар касе метавонад бошад: мард, зан, кӯдак ё волидони пиронсол. Аммо, омори бнишон медиҳад, ки аксар вақт занону духтарон гирифтори хушунати хонаводагӣ мешаванду аз ин осеб мебинанд. Мутаассифона шумораи онҳо дар ҳоли азоиш аст.
Занон дар дохили хонавода ва ҷомеа пуштибонӣ намебинанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ барои ҳимоят ва ёрӣ ба давлат – мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд

Духтаре “бидуни чеҳра”

Таҷрибаҳои амалӣ нишон медиҳанд, ки ба ҷавобгарӣ кашидани марди хушунаткор дар оила кори осон нест. Ва онҳое, ки тасмим мегиранд, ки чунин гом бардоранд, мавриди хатари ҳамлаи бештар қарор мегиранд ва баъзан натиҷаи ин метавонад марги зан бошад.

Айнан ҳамин чиз бо Таҳмина Қурбонзода, сокини 24-солаи ноҳияи Файзобод рух додааст. Тахмина духтари калонии хонавода буд, се бародар ва як хоҳари хурдияш ҳанӯз дар мактаб таҳсил мекунанд. Се фарзанди дигар дар ин оила дар тифлӣ дар даврае, ки оила бидуни шароити одии зиндагӣ дар вагоне умр ба сар мебурданд, аз хунукӣ дар кӯдакӣ вафот карданд.

Таҳмина боре дар кӯдакияш худаш дандонашро бо дасти худаш канд, ки ин боиси чирку ҷароҳат гирифтани милки дандонҳояш шуд. Табобат кард, ки муваққат баъзе сабукиҳо овард, аммо дере нагузашта дигар қисматҳои рӯяш варам карданду боз чирк пайдо шуд. Духтарак якчанд амалиёти ҷарроҳиро аз сар гузаронидааст, ки рӯйи ӯро нуқсдор кард ва барои ӯ ҷарроҳии дигар - плостикӣ лозим буд, ки ба Тахмина имкон медод мисли ҳар зани дигар бо чеҳрааш бинозад. Аммо хонаводаи онҳо то кунун барои пулҳое, ки ба хотири хароҷоти ҷарроҳии рӯйи Таҳмина гирифта буданд ба умқи қарз ғӯтиданд, ки ба гуфтаи падари Таҳмина  ӯ то кунун аз бонкҳое, ки барои наҷоти ҷони духтараш қарз гирифта буд, пинҳон мешавад.

Тахмина рӯяшро бо ниқоб мепӯшонд, ин дар замони мо аст, ки пӯшидани ниқоб касере ба ҳайрат намеорад, аммо барои Таҳмина он замон ниқоб ҳам наҷоте аз нигоҳҳои бегона буду ҳам василае барои надидани рӯйи худаш. Рӯй танҳо як масъалаи ҳусн набуд, Таҳмина хӯроки сахт хӯрда наметавонист, ӯ бояд нон ё маҳсулоти қаннодиро тар ва обдор мекарду мехӯрд, зеро хоидан барояш бисёр дардиҳанда буд.

Вай ҳеҷ гоҳ ниқобашро намекашид, чеҳраи ӯро ба ҷуз падару модараш касе надида буд. Аммо ин ҳама, ба ҳеҷ ваҷҳ характери  бо ҳама дӯсту боз будани ӯро нашикаст. Таҳмина ба унвони як духтари пурталаошу ҳадафманд бузург шуд, аз хурдӣ бо кор дар хона падару модарашро ёрдам мекард ва вақте ба воя расид, ба қавли волидонаш "марди хона" шуд (марде дар хонаи мо), зеро ӯ такягоҳи онҳо буд.

Хушбахтии шабаҳмонанд

Намое аз ноҳияи Файзобод

Ба гуфтаи волидони Тахмина, вақте ки ӯро хостгорӣ омаданд, ҷониби домод гуфт, ки аз ҳамсари якумаш ҷудо шудааст, вале бо гузашти чанд вақт фаҳмиданд, ки онҳоро фиреб кардаанд ва домод бо ду зан зиндагӣ мекунад. Баъди ин Таҳмина коре карда натавонист, зеро ӯ аллакай ҳомила ва мунтазири фарзанд буд.

Ҳанӯз дар соли аввали хонадорӣ мушкилоти онҳо оғоз шуд, шавҳараш ӯро ба хиёнат айбдор мекарду мезад. Ҳатто ҳомила ва “маъюб” будани ҳамсараш монеъи лату кӯб намешуд.

"Модар, чаро ӯ маро мезанад? Ман ҳама чизро - хароҷоти хӯроку либоси ӯро худам мепардозам, писарамро худам нигоҳу бин мекунам, иҷорапулиро низ ман пардохт мекунам", - шикоят кард боре Таҳмина ба модараш. Шавҳар ба ӯ мегуфтааст: "Ту хеле чолок ҳастӣ, мардум туро нигоҳ мекунанд"

- Ҳангоме ки ӯ аз хонаи шавҳараш омад, 2 рӯз аз ғояти латукӯбе, ки шуда буд хобида буд, вале дар рӯзи сеюм ба по хесту барои замбурӯғчинӣ рафту онҳоро бурда фурӯхт. Ӯ наметавонад бекор бинишинад. Дар ҳамон масивм ӯ 100 кг занбурӯғ фурӯхт,- мегӯяд модари Таҳмина, Баҳрӣ.

Борҳо ӯ ба  мақомоти милиса муроҷиат кард,  аммо дар баробари шавҳараш чорае наандишиданд. Ба гуфтаи падари Тахмина, дар ноҳия ҳама медонанд, ки вай корманди ғайришататии милиса аст, бинобар ин онҳо ҳамеша ӯро ҳимоят мекарданд. Ҳисси беҷазоӣ ӯро водошта буд, ки ҳама корро бикунад.

"Боре ӯ бо ду дӯсташ омад, то Таҳминаро бибарад, - мегӯяд падари ин ҷавонзан,- Вақте  ман хостам духтарамро ҳимоя кунам, онҳо маро заданд. Ба полис муроҷиат кардам, дар он ҷо, ба ҷойи онки онҳоро ба ҷавобгарӣ бикашанд маро таҳдид карданд, ки алайҳи ту парвандаи ҷиноӣ мекушоем, зеро яке аз онҳоро задаӣ. Яъне, метавонанд ба хонаи ман ҳуҷум карда, маро зада, наздиконамро таҳдид кунанд, аммо ман набояд онҳоро ҳимоя кунам, - мегӯяд Ш. Ёғибеков.

- Ман  боре ба хонаашон рафтам, - мегӯяд модари Таҳмина Баҳрӣ Қурбонзода, - ӯ ҳатто як тика нон надошт, ки зери сари кӯдак гузорад (мувофиқи ривоятҳо нон зери сари кӯдак ӯро дар хоб ҳифз ва ҷинҳоро метарсонад, эзоҳи муаллиф). Ӯ резаҳои нонро ҷамъ карда, дар паҳлӯи кӯдак гузошт. Вале ба хотири ҳифзи оилааш ба ин ҳама мушкилот сабр кард. Аммо вақте ки дигар ӯро шадидан лату кӯб мекард, тоқати бештар карда натавонист ва рафт.  Баъдан маълум шуд, ки  вай ба латукӯби шадид оғоз кард, вай муқовимат карда натавониста рафт. Маълум мешавад, ки бештар аз ҳама  бар сараш задааст, зеро  дар ин гуна ҳолатҳо аз бинияш дуру дароз хун мерафт.

Давлат – умедвории охирин

Пас аз лату кӯби навбатӣ, 28 октябри соли 2020 Таҳмина ва модараш ба шуъбаи милиса рафтанд, ки онҳоро танҳо пас аз доду фарёд ва хоҳишҳои зиёд қабул кардаанд, сипас аз таҳмина баёнот гирифтанду ӯро барои тасдиқи лату кӯб ба шаҳри Ваҳдат фиристоданд. Ҳарчанд ӯ дар ҳолати фишори шадид ҷисмониву равонӣ қарор дошт, ба ҳар ҳол ба шаҳри дигар рафта, навбатпойӣ карду маблагҳоеро ки аз хостанд супориду аллакай рӯзи дувум ташхиси тиббиву додгоҳӣ дар болои миззи нозири минтақавии милиса қарор гирифт. , ҳамаи навбатҳоро дифоъ кард, маблағи заруриро пардохт кард ва дар рӯзи дуввум СМО дар болои мизи нозири минтақавии милиса мехобид. Ба гуфтаи модараш, Таҳмина ҳомиладор буд, аммо кӯдак дар натиҷаи зарбаҳои расида ба шикамаш дар батни модараш ҷон додааст.

Бинои ШВКД ноҳияи Файзобод
mvd.tj

Нозири минтақавӣ 10 рӯз болои парванди маъмурӣ ба далели лату кӯб кор кард ва онро ба додгоҳ пешниҳод кард, ки он ҷо то 23-уми январ нигоҳ дошта шуд.

Рӯзи 3 ноябр Таҳмина дубора ба идораи милиса омад, аммо ин дафъа ҳамроҳ бо корфармо яш - соҳиби нуқтаи хӯрокворие, ки дар он ҷо кор мекард. Онҳо ба нозири милисаи ноҳия гуфтанд, ки Зоиров А. зӯриву хушунатро нисбат ба Таҳмина идома медиҳад, ӯро доимо дар назди меҳмонони дӯкони "Самбӯсапазӣ", ки дар он ҷо кор мекунад таҳқиру паст мезанат.

Зоиров А. аз паси онҳо вориди утоқи нозири милиса шуда, дар он ҷо ӯро бо суханони қабеҳ таҳқир кард, ки милисаи таҳқиршуда дар ин бора дарҳол протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тибқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқварйонкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) тартиб дод. Дар ҳамин ҳол, танҳо ба гуфтаи баъзе шоҳидон, пас аз пойфишории ин нозири милиса “дар шароите, ки ҳар ҷинояткору майзадае метавонад ӯро таҳқиқр кунаду раҳбарият онҳоро ҳимоят мекунад, дигар кор намекунад”, парванди маъмурӣ алайҳи Зоиров А. ба додгоҳ фиристода шуд, ки дар ҳол ҳукми 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтани ӯ содир шуд.  Зоиров А., ки ба ғазаб омда буд, борҳо дар ҳузури шоҳидон ба Таҳмина таҳдид кард, ки ӯро мекушад.

Мурофиаи шикояти нахустини Таҳмина, танҳо пас аз он баргузор шуд, ки Зоиров ҳабси маъмуриро пушти сар кард ва дар сурате баргузор шуд, ки худи Таҳмина ширкат надошт. Додгоҳ бо дар назар гирифтани ҳолатҳои сабуккунанда, доштани кӯдакони хурдсол, Зоировро ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  - 290 сомонӣ ҷарима кард.

Таҳмина маҷбур шуд корро тарк кунад. Падараш яке аз говҳояшро фурӯхту пулашро ба ӯ дод, ки ба тиҷорати хурд сару кор гирад. Ӯ аз бозори Корвони Душанбе  либос мехарид ва дар деҳаҳои ба онҳо наздики ноҳия онҳоро мефурӯхт.

12 декабр Зоиров бо роҳи фиреб ӯро  ба утоқе, ки онҳо иҷора гирифта буданд ба мулоқт даъват кард. Ӯ борхалтаашро дар яке аз мағозаҳои ноҳия гузошта ба мулоқот рафт. Ба гуфтаи худи Зоиров онҳо оштӣ карданд ва ба яке аз теппаҳои наздиктарин барои сайругашт рафтанд. Дар он ҷо ӯро ба поён тела дод ва баъдан рӯймолашро аз сар кашиду ӯро нафасгир кард, ки ҳанӯз зинда буд.  Ӯ барои пайдо кардани бел ба яке аз хонаҳои наздиктарин рафт, вале саросемавор натавонист ҷасади занро чуқур бигӯронад ва шаб шамолҳои сахти Файзобод хоки сатҳи болои гӯрро  пош доданд ва рӯзи дигар ҷасадро як чӯпон пайдо карду ба милиса хабар дод.

Зоироваро рӯзи дигар, вақте ӯ пас аз як рӯзи куштор худаш ба милиса омада буд, ки гӯё аз гум шудани занаш хабар диҳад, боздошт карданд. Милисаҳо аллакай дар бораи ҷасад медонистанд ва ба Зоиров гуфтанду ӯро таҳдид карданд.

- Духтари ман ба милиса рафта буд ва гуфта буд, ки ӯро таҳдид ба куштан мекунад, хоста буд, ки чораандешӣ кунанд. Вале чорае андешида нашуд. Вақте аз ҷасад хабардор шуданд, дарҳол фаҳмиданд, ки гап сари чист. Ман худам борҳо ба милиса муроҷтат кардам, вале ҳама вақт ӯро пуштибонӣ мекарданд.

Амалҳои ҷиноӣ ва беамалӣ

Вақте Таҳмина фаҳмид, ки бо тарки шавҳар кардан ҳанӯз хушунат алайҳи ӯ қатъ намешавад ва ба ҷуз ин ӯро Зоиров А. дар ҷойи кораш таъқиб мекунад ва падарашро лату кӯб кард, хост пуштибониро дар симои давлат биҷӯяд ва ба ШВКД ноҳия муроҷиат кард.

Мо дар бораи ду муроҷиати Таҳмина хабар дорем, якеро 28.10.2020 ва дувумиро 3 ноябри ҳамон сол вақте ҳамроҳ бо корфармои худ омада буд, ки далели хушунатро таъйид кунад, карда буд.

Вақте А. Зоировро бар асоси далели таҳқири корманди милиса додгоҳ маҳкум кард, ҳолати сабуккунандаи корро ба назар гирифт. Аммо аз рӯйи парвандаи Таҳмина худи ӯ иқрор шуд, ки  занашро дар ҳолати мастӣ лату кӯб кардааст, ин аллакай ҳолати вазнинкунанда буд, ки дар сурати будани ҳолати вазнинкунада, ҳолати сабукунанда табиқ карда намешавад. Вале на суд ва на мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ  ҳеч гоҳе далели дузанагии Зоиров А.-ро ба эътибор нагирифтанд.  Ва ин қонунвайронкунӣ бидуни ҷазо монд.


 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ" як дастури муҳофизатӣ - санадест, ки  тавассути мақомоти корҳои дохили алайҳи шахсе, ки хушунати хонаводагиро содир мекунанд ё шахсе, ки таҳдид ба истифода он шудааст, татбиқ мешавад.

Вале ШВКД-и ноҳияи Файзобод ҳамаи асосҳои қонуниро сарфи назар карда, алайҳи шахси хушунатгар – Зоиров А. барои ҳимояи минбаъдаи ҳуқуқу манфиатҳои марҳум Қурбонзода Т. дастури муҳофизатӣ содир накарданд.

Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки баррасии шикояти марҳум дар мавриди лату кӯб шуданаш аз сӯйи ҳамсараш бештар аз 3 моҳ тӯл кашид. Саволе ба вуҷуд меояд, ки чаро муроҷиати ҷабрдида ва як зани оҷиз бештар аз моҳ тӯл кашид, вале вақте Зоиров А. нозири минтақавиро таҳқир кард,  маводи парванда хеле зуд омода карда шуд ва ҳукми суд содир шуд?

Зоиров А. ҳамчунин дар баёнотҳояш дар бораи ҳар ду занаш эътироф кардааст, ки дар ҳақиқат  шаҳрванд Зоиров А. дар як  вақт бо ду зан зиндагӣ мекард ва онҳоро аз нигоҳи моддӣ якхела таъмин мекард: ҳар ду ҳамсари Зоиров А. – Т. Қурбонзода ва Д.Г. дар як рӯз – 01.02.2020 кӯдак таваллуд карданд.

Вале нозири минтақавӣ ва раҳбарияти ШВКД ноҳияи Файзобод  талаботи модаи 170 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро сарфи назар кардаанд, ки барои “дуҳамсарӣ ё бисёрҳамсарӣ, яъне зиндагии муштарак бо ду ва зиёда зан ва пеш бурдани хоҷагии умумӣ” ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад ва барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ аз рӯйи ин модда чора нааендишаднд.

Гумонбаршаванда Зоиров А. маҳз хунукназарӣ  ва бепарвоии милисаро истифода карда, муносибати шадидро бо марҳум Т. Қурбонзода идома медиҳад, ки дар натиҷа ба куштори ӯ оварда мерасонад.             

Охиргуфтор

Бинои Додгоҳи Олӣ
Радиои Озодӣ

 Бо Ҳукми Суди олии ҶТ З.А. муҷрим шинохта шуд ва 28 сол бо нигоҳ доштани дар колонаҳои режими шадид аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Додгоҳ ҳолатҳоеро, ки ба куштори зани ҷавон оварда расонид, таҳлил накард. Ба ҷуз ин, шикояти вакилои дифоъ дар бораи беамалии мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Файзободро марбут ба парвандаи ҷиноӣ надонист. Ин дар ҳоле, ки ҳамаи шавоҳиди куштор маълум буданд ва қотил маҳкум шуд, боз чӣ чизи дигар лозим аст?

Аммо волидайни Таҳмина дар он чизе, ки рух дод, пеш аз ҳама кормандони милисаро муттаҳам медонанд, ки аз бепарвоии онҳо Зоиров А. ҳамеша духтари онҳоро лату кӯб мекард ва ниҳоят ӯро кушт.

- Вақте ман ба шуъба рафтам ва гуфтам, ки ҳаминҳо дар марги духтари ман гунаҳкоранд, зеро ҳеч чорае наандешиданд. Ӯ ҳатто дар ҳамин дохили шуъба духатрамро таҳдид ба марг кард, вале онҳо инро сарфи назар карданд. Онҳо мегӯянд: “Мо он вақт ӯро боздошт кардем, ӯ ҳукм гирифт ва ҷазои худро боз дар зиндон мегирад...”. Вале, ӯ ҳам он вақт ба онҳо муроҷиат карда буд, борҳо ёрӣ хоста буд, вале ба ӯ ёрдам накарданд, ҳарчанд метавонистанд. Вале ҳоло духтари маро дигар баргардонида намешавад,-мегӯяд Баҳрӣ – модари Таҳмина.

Шикоят аз беамалии кормандони милисаи ин ноҳия то ҳанӯз “саргардон” аст: аз Додситонии кул ба Додгоҳи олӣ, ҷойе ки хоб рафтааст. Шикояти такрорӣ ба ноҳияи Файзобод равон карда шудааст ва ҳоло дар дасти муфаттише қарор дорад, ки ин шикоят алайҳи ӯ низ ҳаст. Шахси мансабдоре, ки ҷониби ҳимоя аз беамалии ӯ шикоят кардааст, ҳоло шикоят аз беамалии худро баррасӣ мекунад. Оё ӯ худро гунаҳкор мешиносад?