Додгоҳи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд 5 сокини ин шаҳрро барои ҷиноят алайҳи сохти конститутсионии давлат, таблиғоти махфиёна ва ташвиқи ҳаракати дар Тоҷикистон мамнуъи салафия барои солҳои гуногун равонаи зиндон кард.

Аз ин панҷ сокини Конибодом Умар Ашӯрови 22-сола, Султон Исмоилови 38-сола, Наврӯз Мавлонови 40-сола ва Дамир Собирови 37-солаву Бурҳон Тӯхтаев 45-сола ном бурда мешавад, ки бар асоси моддаи 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шуданд.

Раёсати умури дохилии вилояти Суғд дар як гузориши телевизионӣ бархе аз ҷузъиёти ин парвандаро расонаӣ кардааст.

Дар ин гузориши телевизионӣ, ки онро барномаи “Ахбори ВКД”-и Телевизиони Тоҷикистон ҳам нашр кардааст, мақомоти милиса бо интишори видео аз ҷараёни мурофиаи додгоҳии ин панҷ сокини шаҳри Конибодом гуфтааст, ки “нафарони дар курсии айбдорӣ нишаста қасдан ҷиноят бар муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатиро содир намудаанд.  Ин гуруҳ ба ақидаҳои ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯъи “Салафия” пайравӣ намуда дар ҳудуди шаҳри Конибодом фаъолияти ғайриқонунӣ аз ҷумла ҷамъомадҳои мақсаднок ташкил ва адабиётҳои мазмуни ифротӣ доштаро истифода бурда як ҷамъияти махфиро ташкил кардааст”.

Дар асоси ҳукуми додгоҳ  айбдоршаванда Собиров Дамир Давронович, ки қаблан низ бо моддаи 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст ба муддати 6 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон шудааст.

Боқимонда чаҳор нафари дигарро барои панҷсолӣ равонаи зиндон кардаанд, ки ҳамаи онҳо дар зиндони низомаш шадид давраи ҷазоро пушти сар хоҳанд кард.

Мақомоти милиса дар ин гузорши телевизионӣ мегӯянд, ки далелҳои шайъӣ дар доираии ин парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби  гуруҳи фаврии тафтишотӣ ҷамъоварӣ шудаааст ва пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми додгоҳ маҳв карда мешаванд.

То кунун назари наздикони ин маҳкумшудаҳо ва ё вакилони дифои онҳо барои расонаҳо дастрас нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.