Нимсолаи аввали соли 2021 аз гардиши ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон 200 килову 593 грамм (ҳамин давраи соли 2020 - 131 кг 657 гр) маводи нашъаовар, аз ҷумла 3 кг 873 г героин, 32 кг 554 г афюн, 127 кг 439 г ҳашиш, 1 кг 807 г бангдона, 34 кг 920 г маводи сахттаъсири фаъоли рӯҳӣ дар шакли хока ва ҳабҳо (таблеткаҳо)-и синтетикӣ (2434 дона) мусодира шуданд.
Зимни нишасти хабарии имрӯз, 15 июл директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН) генерал-майор Ҳабибулло Воҳидзода хабар дод, ки дар зарфи 6 моҳ аз ҷониби Агентӣ 104 (соли 2020 - 80) ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор шудааст, ки 24 ҷиноят ё худ 30% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Ба гуфтаи Воҳидзода, дар ин давра фаъолияти 28 гуруҳи ҷиноятпеша (иборат аз 64 нафар), аз ҷумла фаъолияти 1 гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шудааст.
Ӯ зикр кард, ки инчунин 187 (соли 2020 - 216) далели қонуншиканиҳои маъмурӣ ошкор шуда, 200 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд. Аз онҳо ба фоидаи буҷет 115 ҳазору 472 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Зимнан зикр шуд, ки давоми 6 моҳ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар дар маҷмӯъ 1 тоннаву 695,65 кг маводи нашъаоварро аз гардиши ғайриқонунӣ мусолдира намуданд, ки 510,2 кг ё худ 43% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли пешин мебошад.
“Аз ҷониби ВКД 819,12 кг (соли 2020 - 543,4 кг), КДАМ - 662,6 кг (2020 - 488,1 кг), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - 11,7 кг (2020 - 1,5 кг) ва Хадамоти гумрук - каме бештар аз 1 кг (2020 - 20,6 кг) маводи нашъаовар мусодира шуд”, - илова кард Воҳидзода.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста