Сардори анбори лавозимоти алоқа ва воситаҳои муҳофизатӣ-муҳандисиву техникии қисми ҳарбии 6593 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Абдусаттор Мирзоев барои мусоидат ба фаъолияти созмони фаъолияташ дар кишвар манъшуда ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, ӯ аз соли 2020 то моҳи январи соли 2021 тариқи шабакаҳои итимоӣ доимо бо фаъолони Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ (ҲНИ) тамос гирифта, ба онҳо дастгириву ҳамкорӣ ваъда додааст.

Прокуратураи генералӣ инчунин боз дар бораи як афсари маҳкумшуда хабар медиҳад. Капитани Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Ҷумъабой Шодиев, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сардори дидбонгоҳи сарҳади 3-юми «Айвоҷ» дар марз бо Афғонистон барои мусоидат ба убури ғайриқонунии сарҳад ва гирифтани пора ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шудааст.

“Моҳи январи соли ҷорӣ ӯ ба амали ҷинояткорона даст зада, бо шаҳрвнади Афғонистон бо номи Сахӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон Сайфиддин Солиев бо мақсади қочоқи сигарет аз Афғонистон ба Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ мекунанд”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, моҳи марти соли равон тариқи қочоқ ва убури ғайриқонунии марз 7,5 ҳазор қуттии сигарети тамғаи “Essechenge аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми боздошти капитан аз кисаи рости камзӯли либоси низомии номбурда 400 доллари ИМА ва 570 сомонӣ ҳамчунин далели шайъӣ дарёфт шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.