Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов, пас аз зуҳри 11-уми август ҳукми роҳбари фермаи хукпарварии деҳаи Деҳмойро содир кард. Бар пояи ин ҳукм, додгоҳ Насим Дӯстматовро  бо ҷурми “ифлос ё олуда кардани обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ” гунаҳкор донистааст.

Додгоҳ ӯро бар асоси моддаи 226, қисми яки кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста, ҷазо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати 1 солу 6 моҳ таъин кард.

Як манбаъи наздик ба парванда аз додгоҳи вилояти Суғд, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳукми роҳбари фермаи хукпарварӣ Насим Дӯстматовро дар мурофиаи сайёри додгоҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар деҳаи Деҳмой доир шуд, хонданд. Дар асоси ин ҳукм ӯ дар ин муддати ҷазо ҳар моҳ 20 дарсад музди маошашро ба давлат пардохт мекунад.

Худи Насим Дӯстматов баъди таъини ҷазо, бегоҳии 11-уми август гуфт ба ҳукми додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов “даъвое надорад.”

Нимаи моҳи июл Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд зимни нишасти хабарияш гуфта буд баъди се маротиба ҷазои маъмурӣ низ, Насим Дӯстматов роҳбари фермаи хукпарварии деҳаи Деҳмой такроран ахлоту пешоби зиёда аз 300 сар хуки фермаашро ба дарёи Сир рехтааст. 

“Ин ҳолат боиси гирифторшавии одамон ба бемориҳои сироятӣ ва устухонӣ шуда метавонад”-гуфта буд, Фурқат Хоҷазода.

Дӯстматов гуфт “хукҳоро чиниҳо мехаранд”

Баъди сару садоҳо атрофи кори фермаи хукпарварии деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, молики ферма чанд ҳафта пештар бо хабарнигорон сӯҳбат кард. Насим Дӯстматов дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт соҳибкори инфиродӣ аст ва барои нигоҳубини хукҳо се сол пеш иҷозат гирифта ду коргар низ ҷалб кардааст. Вай афзуд, ду рӯз пештар аз ташрифи масъулини мақомоти додситонӣ борон борида буд ва ахлоту пешоби хукҳо ба ҷӯйбор мерехт. Аммо ба таъкиди ӯ “ахлоти хукҳо ба дарё ҷорӣ намешавад, ферма аз дарё дар тахмин 2 километр дуртар ҷойгир мебошад.”

Ба гуфтаи Насим Дӯстматов, дар асоси шартнома хукҳоро ширкатҳои чинӣ барои кормандонаш мехаранд. Маъмулан чиниҳо дар Тоҷикистон асосан дар саноати кӯҳкорӣ ва корхонаҳои саноатӣ кор мекунанд.

“Вазни зиндаи як килои гӯшти хук 15 сомонӣ аст. Ҳар моҳ 10,15 ё 20 сар меоянду гирифта мераванд, аммо баъзе моҳҳо намегиранд. Соли гузашта пандемия буд ҳамаҷо карантин шуд чиниҳо кор накарданд аз ин ҳисоб омада нахариданд ва саршумори хук зиёд шуд”.

Сокинон аз бӯйи баду Дӯстматов аз бунёди фермаи нав гуфтанд


Фермаи хукпарварӣ дар миёни заминҳои кишоварзӣ воқеъ буда, атрофаш манзилҳои сокинони деҳаи Деҳмой ҷойгир аст. Сокинони ин деҳа аз мавқеъи ҷойгиршавии ферма нигарони карда мегӯянд, аз бӯйи бади он азият мекашанд. Биоиша як сокини ин деҳа гуфт, ҳарчанд бо чунин мушкил ба мақомот муроҷиат накардаанд, вале бӯйи бади ферма онҳоро нороҳат кардааст.

“Баъзе бегоҳӣ ё гоҳо нисфирӯзӣ ба хона бӯи бад меояд. Хело бӯйи нафратовар аст. Мо чанд моҳ пеш аз Русия омада будем баъдан фаҳмидем, ки дар ферма барои хукҳо чизе мепазанд ва бӯи он хӯрок  паҳн мешавад, ки хело нороҳаткунанда аст.”

Роҳбари фермаи хукпарварии Деҳмой баъди ин ҳама парвандаи ҷиноӣ алайҳаш, мехоҳад хукҳоро аз канори рӯди Сир ба мавзеъи дигар, ба баландиҳои Рухак кӯчонад. Ин мавзеъ дар тепаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов воқеъ буда, Дӯстаматов гуфт, барои то 200 хук фермаи нав бунёд карда истодааст. “Ҳоло устоҳо кор карда истодаанд, дар фосилаи ягон моҳ аз ин ҷо ҳамаи хукҳоро ба фермаи нав мекӯчонем",-гуфт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.