Мавлавӣ Абдуллобек (Абдуллобек Қувватбеков) аз руҳониёни маъруфи водии Язгуломи Ванҷ панҷ сол ва ду шогирдаш Имомиддин Алиев ва Назриддин Шукуров 4,5 солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Дар ин бора, Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки ҳукм аз сӯи додгоҳи шаҳри Хоруғ содир шуда, ҳамаи онҳо барои “даъват ба ифротгароӣ тариқи Интернет” паси панҷара рафтанд.
Бародари Абдуллобек, Қувватбек Қувватбеков гуфтааст, ки ӯ дар додгоҳ ҳукмро ноодилон хонда, дар сухани охираш гуфтааст, фақат барои давлату кишвараш хизмат кард.
- Вақте президент гуфт, ки ҷавонони донишҷӯ аз Эрон оварда шаванд, даҳҳо нафар бо ташвиқи ӯ баргаштанд. Дар маъракаи даъвати ҷавонон ба артиш ҷавонони деҳаро даъват мекард, ки ба хизмат раванд. Ӯ гуфт, ки наход барои ду навор хизматҳои дигари ӯро ба назар нагиранд ва зиндаонаш кунанд,- гуфтааст бародари Абдуллобек.
Бародараш ҳукмро ноодилона хонда, гуфтааст, ба зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд.
Ёдовар мешавем, ки Мавлавӣ Абдуллобек (Абдуллобек Қувватбеков) ва бародараш Мавлавӣ Изаттуллобек аз руҳониёни маъруфи водии Язгуломи Ванҷ рӯзи 18-уми июн аз манзили зисташон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуда буданд. Пас аз як ҳафта бародарашро раҳо карда, худи ӯро ба шаҳри Хоруғ бурданд.
Мавлавӣ Абдуллобек ва бародараш Изатуллобек ҳар ду хатмкардаи мадорис ва донишгоҳҳи исломии Зоҳидони Эрон буданд, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон маъруфияти зиёде доштанд.
Мавлавӣ Абдуллобеку бародараш ҳамчунин бо он маъруф буданд, ки беморонро Қуръону қасида мехонданд, ки дар ин дар миёни мардум бо номи "ҷинбарорӣ" маъруф аст. Беморони зиёде ба назди ин руҳонӣ ҳам ба зодгоҳашон деҳаи Жамаги ҷамоати Язгуломи Ванҷ ва ҳам ба Душанбе меомаданд.
Мавлавӣ Абдуллобек бо мавъизаҳо ва ё амри маъруфҳои пурсару садо ва пуршӯраш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр маъруф аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста