Дар доираи амалиёти шартии “Корд”, ки кормандони милитсияи пойтахт аз 21 то 26 сентябр баргузор намуданд, 36 нафар боздошт шуданд, ки 17 нафари онҳо ноболиғон мебошанд.

Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Раёсат амалиёти “Корд”-ро дар пойтахт давоми се соли охир барои ошкор ва мусодираи яроқи сард, аз қабили кордҳои гуногунтамға, кастет, электрошокер ва ғайра аз аҳолӣ, бахусус ҷавонон роҳандозӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ин дафъа аз боздоштшудагон дар маҷмӯъ 26-адад кордҳои гуногунтамға, 6-адад кастет ва 4-адад чӯбдаст (дубинка) дарёфту мусодира шудааст.

Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати 6 нафар ҳабси маъмурӣ ба муҳлатҳои аз 7 то 10 шабонарӯзӣ татбиқ шудааст.

Волидони ҳар кадоме аз ноболиғон ба маблағи 180 сомонӣ ҷарима шуданд.

Пас аз чандин ҳодисаҳои муноқишаи ҷавонон ва истифодаи корд дар онҳо амалиёти “Корд” баҳри пешгирии чунин ҳодисаҳо ва бо пешниҳоди сокинони шаҳр гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки ахиран ҳолатҳои зӯровариву хушунат бо истифода аз яроқи сард дар Тоҷикистон тез-тез рух медиҳанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бепарвогии волидайну омӯзгорон ва кулли ҷомеа сабаби асосии пайо шудани зуҳуроти манфӣ байни ноболиғон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.