Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Зафарободро бо ҷурми куштори ҷавони 25-сола ва қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани модари ин ҷавон, 23 сол равонаи зиндон кард.

Ҳодисаи одамкушӣ аввалҳои моҳи ноябри як сол пеш рух дода буд. Мақомоти милитсия ҷасади ҷавонро аз дохили ҳоҷатхона ва модари оғӯшта ба хуни ӯро аз  дароматгоҳи манзилаш пайдо карда буданд, ки бо зарби болға куштаву латукӯб шуда буданд.

18 октябр Додгоҳи вилояти Суғд Ҷамшед Ҷумъазодаи 30-соларо дар ин ҷинояти махсусан вазнин айбдор дониста, ӯро бар асоси моддаҳои “одамкушӣ”, “сӯиқасди ҷиноят”, “вайрон намудани дахлнопазирии манзил” ба муҳлати 23 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Сурат: Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Аммо Малоҳат Зиёева, модари 45-солаи  Беҳзод Давронбеков баъди ҳукми додгоҳ гуфт, бовар надорад, ки писарашро Ҷамшед Ҷумъазода куштааст ва “ҷавоне, ки маро зада буд, ба ӯ монанд набуд тамоман дигар кас буд. Ҷинояткор дар озодӣ аст.”

Меҳри Холбоева, модари Ҷамшед Ҷумъазода дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, аз ҳукми писараш розӣ нест ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад.

- Бачаам гуфта истодааст, ки ин корро ман накардам. Он шаб ман худам ӯро бедор карда гуфта будам рав ба ӯ ёрӣ деҳ. Ман худам 45 сол дар мактаб кор карда, ба фарзандам чунин тарбия надода будам, - гуфт модари Ҷамшед Ҷумъазода.

Додрас Анвар Абдуғаффорӣ гуфт, “ҳодиса ба талоши робитаи ҷинсӣ аз тарафи шахси кушташуда Беҳзод Давронбеков рабт дорад”.

- Давронбеков дар ҳолати мадҳушӣ бо нияти анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона шими Ҷумъазодаро кашиданӣ шудааст. Судшаванда Ҷумъазода аз ин амалҳои ғайричашмдошт ва номақбул, нисбат ба Давронбеков нафрат ва қасд пайдо намуда, нақшаи аз ҳаёт маҳрум кардани ӯро кашидааст, - афзуд додраси парванда.

Аз ин пештар маркази матбуоти ВКД хабар дода буд, ки  Ҷамшед Ҷумъазода шаби 10 ба 11-уми ноябри соли 2020 дар натиҷаи баҳси лафзӣ бо болғаи оҳанӣ аввал Беҳзод Давронбековро кушта, дар идома бо гумони он, ки модари охирон кирдори ҷиноятиашро мушоҳида кардааст, қасди аз ҳаёт маҳрум кардани модари ӯро намудааст.

- Дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятӣ Беҳзод Давронбеков дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, модари ӯ ҷароҳати вазнин ба ҳаёту саломатӣ бардоштааст, - навишта буд сомонаи ВКД.

Аз Ҷамшед Ҷумъазода як соҳибкори инфиродӣ ном мебаранд, ки дар ноҳияи Зафаробод коргоҳи истеҳсоли хишт дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.