Додгоҳи олии Тоҷикистон, ду нафар сокини шаҳри Турсунзодаро барои содлир кардани ҷиноятҳои гуногун  дар замони ҷанги шаҳрвандӣ барои  15 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон дар як баёнияи расмӣ, рӯзи 6-уми декабр хабар додааст. 

Аз ин ду нафар, ки Исмоил Самиев ва Рамазон Мурадов ном бурда мешавад, ба иттилои додситонӣ узви гуруҳи муташаккили ҷиноие будаанд, дар давоми солҳои 1996-1998 бо силоҳҳои гуногун мусаллаҳ шуда ва ҷиноятҳои махсусан вазнине ба мисли бандитизм, роҳзанӣ ва кушторро содир кардаанд.

Тафтишоти пешакии парвандаи ин сокини турсунзода аз сӯйи додситонии шаҳри Турсунзода анҷом шуда ва ҳукмро коллегияи додгоҳии парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи Олии Тоҷикистон, 26-уми октябри соли 2021 содир кардааст. 

Додгоҳ ҳар дуро бар асоси моддаҳои 74, 156 қисми 2 ва 104 бандҳои «а», «г», «д», «е», «з», «н» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) гунаҳгор донистааст. 

То кунун назари пайвандон ва вакилони дифои ин ду нафар барои расонаҳо дастрас нест. 

Дар хабарномаи додситонӣ омадааст, ки аз ҷумла ин ду нафар 14 августи соли 1997 ба хонаи Чупонқул Ашӯров ва Валиҷон Ашӯров, сокинони деҳаи Кирови шаҳри Турсунзода ворид шуда, аз модари онҳо бо таҳдиди силоҳ 1200 доллари амрикоӣ ва 700 ҳазор рубли тоҷикӣ гирифта ва сипас ҳарду бародарро золимона кушта ва аз ҷойи ҳодиса ҳодиса ғайб задаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.