“Гурӯҳҳои мобилӣ”-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар муддати ду шабонарӯз - 22 ва 23 январ  42 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ошкор намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, қонушикании бештар маъмул ва аз ҳама зиёдтар - нодуруст ба таваққуф гузоштани автомашина аст.

Гуфта мешавад, аз ҳама бештар қонуншиканиҳо дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт  - 15 адад ошкор гардида, дар ноҳияи Шоҳмансур - 11, Исмоили Сомонӣ  ва Сино - дар ҳар кадоме 8 қонуншиканӣ сабт шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз қонуншиканӣ дар роҳҳо ва вазъи тамбашавии роҳҳои нақлиётгарди пойтахт “Гурӯҳҳои мобилӣ” таъсис дод.

Рӯзи 30 декабри соли 2021 Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ғолибони озмун дар бораи беҳтарин навори видео ё аксҳоро вобаста ба ҳолатҳои қонуншиканӣ дар роҳҳо эълон кард.

Зинаи аввал ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба шаҳрванд зери №46 супурда шуд, ки ӯ 29 мавод оид ба ҳолати қонуншиканиҳо дар роҳро ирсол намудааст.

Зинаи дуюм ва 3 ҳазор  сомонӣ мукофотпулӣ ба иштирокчии №90 бо 50 мавод сазовор дониста шуд. Мукофотпулии зинаи сеюм ба ду нафар - ба ҳар кадоме 2 ҳазор сомонигӣ ба иштирокчиёни №18 (18 мавод) ва №84 (14 далел) тақдим гардид.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 5 январ зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар соли 2021 тасмим гирифта шуд, ки соли 2022 “Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” эълон карда шавад.

Дар ин росто дар ҷаласа зикр шуд, ки соли 2021 дар роҳҳои мошингарди пойтахт 242 садамаи нақлиёт сабт шуда, ки бар асари онҳо 33 нафар ҳалок ва 254 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.