Ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо интишори хабарномае гуфтааст, Бахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи беҳдоштии хӯрокаи Маркази беҳдоштӣ СЭС-и Хуҷанд ихтиёран барои рафтан ба хидмат ризоият додааст. Ин мақомдори ҷавони ниҳоди давлатӣ фарзанди Юсуф Маҳмадиев, сардори кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Суғд дар роҳи оҳан аст ва 24 сол дорад.
Худи Бахтиёр Маҳмадиев ҳам дар суҳбат ба "Азия-Плюс" таъйид кард, ки тасмими рафтанаш ба хидмат довталабона аст ва инро як қарзи шаҳрвандӣ медонад.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд, Бахтиёр Маҳмадиев аз шумори нахустин ҷавонони ин шаҳр аст, ки “баробари оғози даъвати баҳории наваскарон ба комиссариати ҳарбӣ рафта, ариза навишт, то ин ки дар ҳифзи Ватан дарси мардонагӣ омӯхта, аз имтиҳонот ҳаёт гузарад”.
Манбаъ изҳор доштааст, ки “роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони ғаюру ватандўст, аз ҷумла Бахтиёр Маҳмадиев ифтихор мекунад, ки кору вазифаи хешро нисори ҳимояи Ватану миллат ва сарзамини худ намуда, сарбаландона баҳри хизмат ба Артишӣ миллӣ рафта истодааст. Ин намунаи олии ватандӯстӣ ва мояи пайравӣ ба дигар ҷавонони марказ аст”.
Бахтиёр Маҳмадиев, мудири 24 солаи шуъбаи гигиенаи хӯрокаи Маркази беҳдоштӣ СЭС-и Хуҷанд буда ҳудуди 1 солу 2 моҳ инҷониб дар ин ниҳоди давлатӣ кор мекунад. Бахтиёр Маҳмадиев дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо хоҳиши худ барои рафтан ба хидмат ариза навишт ва аз суйи ниҳоде, ки кор мекунад ба артиш меравад.
“Бо хоҳиши худам 16-уми март рафта аз комиссариат гузаштам ва даъватнома гирифтам. Аввал бо таклифи падарам ва баъд бо роҳнамоии роҳбари Маркази СЭС-и Хуҷанд. Хеле насиҳати бисёр карданд, баъд ҳисси ватандустӣ буд. Ҳоло вазъияти ҷаҳониро бубинед хатарзо аст ва ҷангҳо рафта истодааст. Ҳар як ҷавонмард вазифадор аст, ки бояд рафта хидмат кунад ба ҳимояи ватан омода бошад ва аз мактаби мардонагӣ гузарад”.
Ин мудири ҷавон, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии шаҳри Барнаули Русия мебошад. Ӯ мегӯяд, ки зодаи шаҳри Кӯлоб асту ҳамроҳ бо волидонаш аз соли 2003 дар Хуҷанд зиндагӣ мекунанд.
Бахтиёр Маҳмадиев, ҳамагӣ 7 моҳ пештар хонадор шуда, мегӯяд ният дорад баъди адои хидмат дар мақомоти додситонӣ кор кунад.
Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори Маркази беҳдоштӣ дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, Бахтиёр Маҳмадиев яке аз ҷавонони пуркори ин ниҳод мебошад.
Ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бештари корбарон аз ин тасмими Бахтиёр Маҳмадиев истиқбол кардаанд ва ӯро сутудаанд, аммо Музаффар Бобоҷонов, ҳуқуқшиноси созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" дар вилояти Суғд, ки масоили ҳимояи ҳуқуқ давъатшавандаҳо ва сарбозонро пайгирӣ мекунад, навиштааст, ки ин шаҳрванд танҳо вазифаашро иҷро мекунад.
"Аҳсан. Албатта кори хуб. Лекин мо бояд фикр кунем, ки чаро, барои мутобики қонун, Конститусия ба хидмат рафтани як ҷавонро мо ҳамчун як қаҳрамонӣ медонем?",-навиштааст ӯ дар шабакаи Фейсбук дар ин маврид.
Сар аз аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон мавсими сафарбаркунии ҷавонони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хидмат оғоз мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург”
Дар Суғд алайҳи як ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз кардаанд
Боздошти як зан бо гумони латукӯби бераҳмонаи кӯдаки 2-сола
Обуҳавои моҳи аввали зимистон дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста