Дар Душанбе нисбат ба ронандаи автобусе, ки ба 7 автомашина бархӯрд, мутобиқаи моддаи 33-и Кодекси маъмурӣ санад тартиб дода шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Назар Назаров мувофиқи ин модда - вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ - метавонад дар ҳаҷми аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 1280 то 1920 сомонӣ) ҷарима шавад.
“Ба ҷуз ҷарима, ҳамчунин бо қарори суд ӯ ба пардохти қисмате аз маблағи зиёни расида ба таксиронҳо уҳдадор мешавад. Бо вуҷуди суғурта доштани автомашинаҳои таксиронҳо, ба вай лозим меояд, ки қисмате аз маблағи муайянкардаи судро пардохт намояд. Аз 7 автомашина 3-тоаш нисбатан зиёд осеб дидаанд”, - гуфтанд дар Раёсати ВКД.
Дар Раёсати БДА-и шаҳр хабар доданд, ки ҳаҷми зиёни умумии расида ба автомашинаҳо ҳоло муайян карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 2 апрел дар рӯ ба рӯи бинои Донишгоҳи тиббӣ автобус ба 7 автомашина, аз ҷумла таксиҳо бархӯрд.
Рӯзи 7 апрел дар барномаи иттилоотии ВКД кишвар (“Ахбори ВКД”) ронандаи ин автобус изҳор намуд, ки дар сари чанбарак хобаш бурдааст ва тасдиқ кард, ки суръат аз меъёр зиёд буд.
“Сари чанбарак хобам бурдааст ва вақте ки бедор шудам, дидам, ки автобус ба мошинҳо бархӯрдааст”, - мегӯяд ронандаи автобус.
Дар ҳамин ҳол, ин садамаи нақлиёт дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд баҳс мешавад - яке ронандаи автобусро гунаҳкор медонаду дигаре дилаш ба ӯ месӯзад ва чанде мехоҳанд, ки дар пардохти ҷарима ба ӯ кумак кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.