Зане, ки “бонкомат”- ҳои ширкати “Душанбе сити”–ро бо санг зада шикаста буд, дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ӯ бо нишони эътироз ба далели надоштани маблағ ин корро кардааст, вале аз“Душанбе сити” гуфтанд, дар он замон бонкоматаҳояшон пул дошт.

Дар наворе, ки як ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки як зан бо нишони эътироз ду бонкомати “Душанбе сити”-ро  бо санг мезанад. Шоҳидони ҳодиса мегуфтанд, ки ин зан бо нишони эътироз ба далели надоштани маблағ дар бонкомат онҳоро зада шикастааст.

Ин делалро Раёсати корҳои дохили шаҳри Душанбе ба “Азия–Плюс” низ тасдиқ кард. Вале  аз ширкати “Душанбе сити” ба мо  гуфтанд, замоне, ки ин зан бонкоматҳоро зад, дар онҳо маблағ буд.

- Сабаби даст ба ин кор задани ин зан маълум нест. Он замон  дар ин банкоматҳо маблағ буд. Ин занро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт кардаанд, - гуфтанд аз “Душанбе сити”.

Дар ҳамин ҳол, аз РВКД шаҳри Душанбе аз ин зан Меҳрафрӯз Муминоваи 35-сола, сокини деҳаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Темурмалик  ном мебирад ва мегӯяд, ки ӯ, “рӯзи 18-уми майи соли ҷорӣ аз сабаби надоштани маблағ асабонӣ шуда, ба воситаи санг ду адад дастгоҳи худкори бонкии (банкомат) ҶДММ «Душанбе сити»-ро дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур зада корношоям кардааст”.
Меҳрафрӯз Муъминова

- Дар ҳаракатҳои номбурда, ки қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дида мешавад, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи лозим тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад,-гуфтанд аз РВКД шаҳри Душанбе.

Бо нишони эътироз бо санг зада корношоям кардани бонкоматҳои яке аз ташкилотҳои қарзӣ дар ҳолест, ки сокинони кишвар ба таври ҳамешагӣ аз набудавни маблағ дар бонкоматҳо шикоят мекунанд.