Иззат Амон бо иттиҳоми "қаллобӣ" 6 соли дигар зиндон шуд. Ҳукм рӯзи 6-уми июн дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе эълон шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Пештар ӯро бо ҳамин гуноҳ нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум карда буданд.
Гуфта мешавад, ки мурофиа рӯзи душанбе бо ҳузури вакили мудофеъ, пайвандон ва даъвогарон гузаштааст.
Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки омода буданд, пули даъвогаронро дар ҳузури додрасу додситонӣ пардозанд, “вале бе ягон пурсишу посух ҳукмро хонданду рафтанд.”
Яке аз даъвогарон ҳам ба ин расона гуфтааст, онҳоро наздикони Иззат Амон ба мурофиа хоста буданд, то биоянду пулҳои худро бигиранд.
“Додрас назари моро напурсид ва ҳукмро эълон кард. Машварат карда будем, ки дар толори додгоҳ маблағамонро мегирем," – афзудааст даъвогар ба Радиои Озодӣ.
Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон рӯзи 19 октябри соли 2021, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир гузошт.
Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт, ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.
Туркманистон гуфт, чанд шаҳрванди Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои марзиаш аз Эрон берун овардааст
Як размикори тоҷик бо Лигаи PFL қарордод ба имзо расонид
Сафари шаҳрвандони 36 давлат, аз ҷумла як кишвари Осиёи Марказӣ ба Амрико манъ мешавад
Эрон ва Исроил омори куштаву захмиёнро эълон карданд. Ҳамлаҳо ба хоки якдигар рӯзи чорум аст идома дорад
Ронандае, ки зери чархи мошинаш ноболиғи 16-сола ҷон бохт, 10 сол равонаи зиндон шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Баҳои умр” қисми 4
Барои насби батареяи офтобӣ дар боми хона иҷозатнома лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 июни соли 2025
Идомаи даргирӣ миёни Эрон ва Исроил. Шаби гузашта чӣ гуна паси сар шуд ва дар ҳоли ҳозир чӣ мегузарад?
Нахустин медали нуқра ва сеюмин медали биринҷии Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста