Мақомоти вилояти Хатлон  дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо СПАД оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ амалиёти «Нелегал-2022»-ро барои ошкор кардани афроди ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар иқоматдошта роҳандозӣ карданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, амалиёт бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят, ҳамзамон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди вилоят ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки рафти амалиёт аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди вилоят амалӣ гардида истодааст.

Хотирасон мекунем, ки амалиёти нерӯҳои амниятӣ аз 27 июн оғоз гардида, то 4 июл идома хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.