Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо додрасҳое, ки нав ба ин мақом таъин кард, гуфтааст, минбаъд барои қабул ба озмуни коромӯз-судяҳо донистани ду забони хориҷӣ яке аз шартҳои муҳими озмун бояд бошад.
Хадамоти матбуотии президенти кишвар хабар медиҳад, ки дар мулоқот роҳбари давлат ба додрасҳои навтаъин баррасии одилонаи парвандаҳои судиро дар доираи қонунгузории мамлакат талаб намуда, онҳоро барои ҳифзи содиқонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлату миллат, риояи ҳатмии талаботи қонун ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ба таъхир афтодани муҳлатҳои баррасии парвандаҳо даъват кард.
“Судяҳо на танҳо зимни фаъолияти касбӣ, балки берун аз кор ва дар зиндагӣ низ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд”, - афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.
Зикр гардидааст, ки давлату ҳукумат минбаъд низ барои бунёди бинову иншооти муосири корӣ барои кормандони мақомоти судӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва боз ҳам беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандони мақомоти судии мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Аз додрасҳое, ки дар вазифаҳои дадрасӣ таъин шудаанд, ном бурда нашудааст ва ҳамин тавр маълум нест, ки кӣ дар кадом шаҳру навоҳӣ ба вазифаи додрас таъин гардид.
Таъини чанд додраси нав дар ҳолест, ки дар як соли охир ҳудуди 5 додрас дар Тоҷикистон дастгир ва чанд нафари онҳо ба солҳои гуногун зиндон шуданд. Аз ҷумлда, Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон 2 сол равонаи зиндон шуд. Ӯ ба гирифтани пора ба миқдори калон гумонбар буд. Ҳамин тариқ, Раҳмиддин Раҳимзода, додраси собиқи додгоҳи ноҳияи Сино бо гуноҳи гирифтани ришва ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.
Ҳамчунин, баррасии парвандаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Азиза Ҳайдарова, котиби ин додгоҳ дар Додгоҳи Олӣ идома дорад. Рустам Саидаҳмадзода ба баромадан аз ҳадди ваклоати мансабӣ ва расонидани хабар бардурӯғ гунаҳкор аст. Азиза Ҳайдарова ба қаллобӣ гумонбар аст.
Ҳамин тариқ, охири моҳи май президент Ҳомидҷон Муҳаммадзода, Рустам Маҳмадсаидзода, Раҳмиддин Раҳимзода ва моҳи июли соли равон Ҷамшед Носирӣ судяи Суди иқтисодии ВМКБ ва Рустам Сайдаҳмадзода бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мансаб барканор кард.
Ба иттилои Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан 30 нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
“Зоҳиран ба ҷинояткор монанд будааст” Шикояти рӯзноманигор ба додситонӣ аз рафтори ғайриқонунии корманди милитсия нисбати фарзандаш
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста