Имрӯз, 21-уми декабр, Муҳаммадалӣ Маҳмадов - чеҳраи ҳунарии Тоҷикистон, ки синамои тоҷикро ба пардаҳои синамои ҷаҳон кашидааст, ҷашни таваллуд дорад.

Дар мусоҳибаи як соли пеш бо "Азия-Плюс" ин ҳунарманди миллиандешу саршиноси олами синамои минтақа бештар аз дарду доғ ва мушкилоти синамои кишвар гуфта буд. Ба далели кӯҳна нашудани факту рақамҳо ва боқӣ мондани мушкилоти ҷойдошта, ба ифтихори рӯзи милоди Муҳаммадалӣ Маҳмадов “Азия-Плюс” ин сӯҳбатро бознашр мекунад.

Фирори мағзҳову бемағзҳо

- Фаъолияти ҳунарии Шумо аслан дар кишварҳои хориҷ аст ва дар филмҳои бурунмарзӣ бештар нақш мебозед. Шумо ба “фирори мағзҳо” чӣ шарҳ доред?

- Имрӯз ҳамаи “мағзҳо”-ву “бемағзҳо” аз кишвар мераванд. Шоҳид ҳам будем, ки баъди боз шудани роҳҳо дар назди фурудгоҳ чӣ қадар одам бо ҳар роҳу восита мехостанд аз Тоҷикистон раванд. Ҳоло кадом шаҳри Русия наравед, садҳо тоҷикро дар ҳама касбу кор мебинед. Аҳли зиёи мо на танҳо дар Русия, балки дар дигар мамолик низ зиёданд ва барои маблағ кори сиёҳро ҳам мекунанд.

Дар мо чанд омил вуҷуд дорад, ки ба рафтан моил месозад: зиндагие дорем, ки саропо мушкилоту норасоиҳо дорад, сатҳи таҳсил ва сифати тадрисамон суст буда, ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ нест; аз милитсия то шифохона ҳама ба фасод печидаанд ва ҷомеа дар ҳоли ногувор мондааст.

Фаразан, мо мактабҳои хусусӣ ва давлатӣ дорем. Баҳси макотиби хусусӣ як сӯ. Вале чаро бо ин қадар боҷу хироҷ боз барои бӯру латтаи тахтаи синф, пардаву дару тиреза, фаршу ранги он, китобҳои даҳсола ва иду солгардҳо маблағ ҷамъ мекунем? Сифати таҳсили фарзандону наберагони мо чӣ гуна аст? Дар ҳошияи гуфтаҳо боз мисол мезанам, ки имрӯз наберагони ман бо чанд машқи китобчаҳо иктифо мекунанд ва талош надоранд, ки аз он бештарро омӯхта бошанд. Вале он машқу мисолҳо дар ҷаҳони муосир ва мутамаддин кифоякунанда нест ва фарсахҳо ақиб аст. Дар тафаккури фарзандону наберагонамон ҷаҳонбинӣ ва савияи фарҳангиву маърифатии васеътар, хубтар ва мудернтарро бояд ғунҷонем.


Боз мисоле мезанам. Чанд соли пеш аз як зани шиносам, ки дар ниҳоди ҳуқуқӣ фаъолият дошт, пурсон шудам, чанд сомонӣ маош мегиред? Ӯ гуфт, 1300 сомонӣ. Акнун тасаввур кунед, ки бо ин маош ӯ чӣ гуна рӯз мегузаронад ва дар партави он бубинед, ки ҳоли як духтур ё як муаллим бо ин музд чӣ гуна хоҳад буд? Нархи навои бозорро бубинед ва нафақапулии як солмандро, ки чӣ қадр кифоят мекунад. Ё хадамоти зиддифасоду зиддиинҳисории мо куҷоро менигарад, ки нархи чиптаи ҳавопаймо, сӯзишворӣ, нақлиёт, тарабхонаву меҳмонхонаҳо миёншикан шудаанд.

- Дар мисоли дигар давлатҳо шарҳ дода метавонед?

- Мисоли хело равшан меорам, нархи чиптаи рафту баргашти Маскав - Ню-Йорк, ки парвозаш 20 соат давом мекунад, 620 доллари амрикоӣ аст. Нархи як тарафи чиптаи Душанбе - Маскав, ки танҳо 3 соат парвоз аст, баробари он аст. Мегӯянд, Маскавро бо Душанбе муқоиса накунед. Чаро нархи парвози дутарафаи 20-соатаро бо нархи парвози якҷонибаи 3-соата дар таносуб нагузорем!? Ё самти дигари тарозуи мо Афғонистон боқӣ мемонад?

Чанд сол пеш маро барои нақшофарӣ дар филми “Кандагар” таклиф карданд. Коргардони ин филм Андрей Кавун ба Тоҷикистон омад ва Қӯрғонтеппа (Бохтари имрӯз)-ро ҷойи наворбардорӣ интихоб кард. Ҳамин ки фаҳмиданд, хориҷиҳо дар ин ҷо филм ба навор мегиранд, меҳмонхонаҳои ин шаҳр, ки будубоши як шабонарӯзиаш ҳудуди 100 сомонӣ буд, ҳамон соат ба 100 доллар баробар шуд ва дигар нархи наво низ ба осмон хест. Онҳо хафа шуданд. Мо дар бораи рушди сайёҳӣ мегӯем, солҳои сайёҳӣ эълон мекунем, меҳмонхонаву истироҳатгоҳҳои нав месозем, вале бо чунин “хидмат”-ҳоямон меҳмонҳо ранҷур мешаванд ва дигар барнамегарданд.


Хулоса, ин гурӯҳи синамоӣ ба Маскав рафтанд ва аз он ҷо ба Марокаш. Бо вуҷуди шароити созгор надоштан, нархи баланду қимматӣ ба мо хело мушкилзо аст.

Далели дар синамои миллӣ кампайдо будан

- Пас сабаби дар синамои ватанӣ камтар нақш офаридану рӯй оварданатон ба синамои хориҷа ҳамин аст?

- Аслан, роҳ бар синамои дигар мамолик хубтар боз шуд ва онҳо аз ҳунари ман бештар истифода карданд. Дар ватанам аз ҳунари ман на дар гузашта ва на дар имрӯз истифода карда натавонистанд. Пешниҳодот барои филмбардорӣ хеле зиёд буд, вале хеле филмҳои суст ва камсифат буданд, ки рад кардам.

Дар омади гап, рӯзгори имрӯзаи инсоният бидуни маблағ пеш намеравад ва аҳли тасаввуф будан ҳам дар айёми мо сахт душвор аст. Ҳар инсонро парвардгор ҳунар дода, ки аз он рӯзӣ меёбад ва рӯзгорашро пеш мебарад. Рӯзии ҳунарманд ҳунар вай аст ва рӯзирасон рӯзии ӯро ба ин васила мерасонад.

Ҳар ҳунарманд аз ҳар рӯзи кориаш музд мегирад. Дар замони Шӯравӣ Ато Муҳаммадҷонов барои як рӯзи кориашон 72 сум ва ман барои як рӯзи корӣ 56 сум мегирифтем. Он замон нархи парвози Душанбе-Маскав 54 сум буд ва ё як литр сӯзишворӣ 17 тин арзиш дошт. Баъдан, дар синамои Осиё ман то 1,5 ҳазор доллар ва дар синамои Русия ва Аврупо то 2 ҳазор доллар дар як рӯз гонорар доштам. Ҳол он ки ман барои онҳо “бегона” ҳастам ва дар муқоиса бо худиҳо то 2-3 ҳазор доллар камтар музд мегирам.

Масалан, дар як филми Егор Кончаловский, ки дар Қазоқистон ба навор гирифт, бо ман Гоша Кутсенко, ҳунарпешаи рус нақш офарид, 7 ҳазор евро барои як рӯз гонорар гирифт.


Гарчанде сабаби аслӣ дар ин ҷо маблағ нест, вале дар 15 соли ахир дар Тоҷикистон 4 филми тоҷикӣ ба навор гирифтаам. Барои маблағаш намегӯям, танҳо барои муқоиса намуна меоварам, ки филми “Оинаи беҷило” 300 доллар гонорар дошт ва филми охиринам - “Охирин сайди Сайёд” 23 доллар. Яъне, дар байни як даҳсола ба ҷойи он ки музди меҳнат боло равад, баръакс, ба маротиб поён фаромад.

Дигар ҳайрон мемонам, ки чӣ кунам, агар ин маблағро бигирам, ҳамин қадар қадр дорам, нагирам, мегӯянд, “назараш нагирифт” ё “сер шудааст”.

Ба рағми миллатам нақш намебозам

- То ҷое иттилоъ дорам, бархе нақшҳои марказиро дар филмҳои хориҷӣ рад кардед. Чаро?

- Ман актёрам ва вазифаам аслан нақш бозидан, ҳунар офаридан, портрети хуб ё баде сохтан аст. Вале пеш аз ин ман як инсонам ва миллат, ҳуввияти миллӣ, муқаддасот, суннату расму оини миллӣ ва ватан дорам. Аз ин рӯ, ҳар як нақши ман набояд ба рағми миллатам, ба зидди оина ва ба муқобили суннатҳои аҷдодиву инсониям бошад.

Дар филми “Бригада” саҳнае буд, ки бояд “сафедӣ” (маводи мухаддир) аз Тоҷикистон ба Русия фиристонида мешуд. Виҷдонам набардошт ва наметавонистам ин “гуноҳ”-ро анҷом диҳам. Он замон дар ҳама барномаҳои криминалии телевизионҳои Русия бештар номи тоҷиконро мегирифтанд ва моро сиёҳ мекарданд. Ба Алексей Сидоров, коргардони филм, гуфтам, “биё, ҳамин саҳнаро гирем”. Ӯ мутаҳайирона “чаро?” гӯён савол дод.

- Байни миллати ман ва миллати ту бигзор хилофу зиддият набошад ва мо ҳам коре накунем, ки бар он замина сохта бошем, - гуфтам ман.

Ӯ розӣ шуд ва гуфт, бо муаллифи сенария ҳам сӯҳбат кун ва қаноаташ деҳ, ки мо саҳнаро иваз кунем. Бо муаллиф вохӯрдем ва ризоят дод, ки саҳна иваз шавад. Филмро рад накардам, вале тавонистам саҳнаро иваз намоям ва он “бор”-ро аз Русия ба Аврупо фиристонам.


Бигзор байни миллати мо ва миллатҳои дигар муҳаббат, ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва муносибатҳои ҳасана бошад ва коре накунем, ки боиси малӯл ва ранҷиши ҳамдигар шавем. Дар ҳама муддати фаъолияти ман дар синамои ватаниву хориҷӣ ин гуна нақшҳо бениҳоят зиёд буд, ки қабул накардаам ва намекунам.

- Имрӯз бархе аз ҳунармандони хубамон дар филмҳое нақш меофаранд, ки сатҳашон хеле паст аст. Инро ҳам аз рӯи мушкилии молӣ бошад?

- Ҳунарпешаеро медонам, ки хеле кори хуб ва ҳунари қобили қадр дорад, вале худро имрӯз дар як рекламаву клипу филмҳое мебарад, ки ҳунари ӯро зери суол мекашад. Лекин дигар дар ин гуна шароит ва ин музди меҳнат чӣ гуна аробаи зиндагиашро пеш кашад? Агар ӯ дар Амрико мебуд, танҳо як филми хуб кифоя буд, ки зиндагии худаш ва фарзандонашро то охири умр обод нигоҳ дорад.

Филм-нутқи кам ва тасвири беш

- Гуфта метавонед, ки норасоии кадрҳои хуби синамову театри мо дар кадом бахш бештар аст?

Справка по теме

Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Ҳунарпешшаи халқии Тоҷикистон. 21 уми декабри соли 1951 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомӣ (соли 1972) ва Коллеҷи мусиқии Тоҷикистон (1974) аст. Минбаъд риштаи таърихи санъатро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ, соли 1979) ва курси режиссёриро дар Маскав ва Душанбе хатм мекунад. Соли 1978 дар “Тоҷикфилм” ба фаъолияти ҳунарӣ пардохта, то имрӯз дар беш аз 50 филми ватаниву хориҷӣ нақшҳои марказӣ офаридааст. Барои нақшҳои мондагораш дар синамои мамолики гуногуни ҷаҳон сазовори ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” мебошад. Маҳмадов дар кинофестивал ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ бо шоҳҷоизаҳои “Дукати тиллоӣ”, “Шамшери нуқрагин”, “Хирси нуқрагин”, ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ ва мукофоти Киноҷашнвораи умумииттифоқии Шӯравӣ дар шаҳрҳои Берлин, Димишқ, Мангейм, Минск, Тошканд сазовор шудааст.

- Асоси кор дар синамо ва ҳам дар журналистикаи телевизионӣ сенарияи хуб аст ва мо дар ин самт кадрҳои хуб ва варзида надорем. Сенариянависӣ ҳам кори ҳар кас нест ва он равиш ва услуби хоси худро дорад. Сенарияи филм аз сенарияи намоиши театрӣ ва барномаи телевизионӣ куллан фарқ мекунад ва нозукиҳои бисёреро дар худ ниҳон дорад.

Ман намегӯям, ки режисёри хуб надорем. Дорем, вале онҳо баъзан филмеро ба навор мегиранд, ки он набояд филм, балки бояд намоише дар театр бошад. Дар театр мо бисёр чизҳоро дар нутқи саҳна ворид мекунем, чаро ки онро бинанда дида наметавонад, вале дар филм мо бисёр чизро нишон дода метавонем, ки дигар ҳоҷат ба нутқу шарҳи ҳунарманд намемонад. Дар сатҳи байналмилалӣ ҳам ҳамон филме хуб пазироӣ мешавад, ки нутқи кам ва тасвири беш дорад.

- Пас, дар сурате, ки сенарияи хуб ба Шумо пешниҳод шавад, аммо бидуни маблағ, розӣ ҳастед, ки дар он нақш офаред?

- Дар ҳоле ки сенарияи хуб бошад, розиям, ки тамоми ҳунарамро дар синамои кишварам сарф намоям. Ҳатто чанд пешниҳод ва идеяҳое барои рушди синамо дар Тоҷикистон доштам... вале напазируфтанд.

Лекин дар синамо ва ҳамаи соҳаҳои мо имрӯз набудани маблағ баҳонае шудааст, ки бар ҳадди тафрит расидааст. Агар маблағ нест, як бегоҳ ба сайри пойтахт бароед. Дар роҳҳои пойтахт чӣ гуна мошинҳоро мебинед? Дар тарабхонаҳои пойтахт ҷойи холӣ намеёбед. Ин биноҳои 30-40 ошёна бо кадом пул бунёд мешаванд ва агар пул набошад, ин ҳама аз куҷост!?

“Фардое намебинам”

- Фардои синамои тоҷикро чӣ гуна пешбинӣ мекунед?

- Мушкилии дигари нигаронкунадаи имрӯзи синамои мо омехта шудани забони адабӣ бо лаҳҷаҳо аст. Забон меъёри гуфтугӯӣ мавқеашро аз даст дода, оҳиста-оҳиста аз байн меравад.

Синамои мо имрӯз хусусияти маҳаллиро касб кардааст ва танҳо барои маҳалли муаллиф, коргардон ё сенаристи филм офарида мешавад. Зеро онҳо фикр намекунанд, ки забони филм бояд барои ҳама манотиқи кишвар ва дигар ҳамзабонони эрониву афғонӣ фаҳмо бошад. Ин ҳам доираи аудиторияи филмро маҳдуд месозад ва ҳам сифати филмро мекоҳонад.

Мисол, Носир Саидов филми “Оинаи беҷило”-ро бо меъёри забони адабӣ ба навор гирифт, вале баъд филми “Муаллим”-ро бо лаҳҷаи ғармӣ сабт кард. Муаллим дар фаҳму дарки халқи мо нафарест, ки инсонро, махсусан кӯдак ва ҷавонро бо гуфтори нарму хӯйи неку писандида илм меомӯзонад ва бар камол мерасонад. Ин нақшро устод Марат Орипов хеле хуб офарид, вале худ, ки конибодомӣ ҳаст, омехтаи лаҳҷаи ғармӣ ба нақш латма зад.


Мутаасифона, лаҳҷа имрӯз дар саҳнаи театр ва оинаи телевизион низ ҷой ёфт ва зебони гуфтугӯии устод Айнӣ то ҷойе паси пардаҳо ва болои авроқи китобҳо монд. Имрӯз забони баъзе филмҳои мо бар мардуми кӯҳистон фаҳмо нест ва телевизион ҳам ба ин мушкилии ноаён мувоҷеҳ аст.

Баъдан, киноҳои кӯчагӣ зиёд шуд ва бинанда низ беш аз пеш бар он руҷӯъ кард. Дигар дар оғози филмҳо зани тоҷик таппак мекунаду марди тоҷик лою гил... Набояд чунин бошад. Фарҳангу таърихи ҳазорсолаи мо куҷо рафт ва ё имрӯз мо ҳамин қадар “ҳунар” дорем?

Дар синамои тоҷики давраи то соли 1990 мо ҳунарманду коргардонҳои хеле маъруфу варзида доштем, филмҳои сифатан баланд ба навор гирифтем, “Тоҷикфилм” мавқеъ ва мартабае дошт, вале дар давраи баъди соли 1990 то имрӯз мутаассфиона ҳеч касро мисол оварда наметавонам. Ман фардои хуберо дар пешаам намебинам.

Филми “Исмоили Сомонӣ" ба фасод печид

- То ҷое иттилоъ дорам, чанд сол пеш тасмими банаворгирии филми таърихии “Исмоили Сомонӣ”-ро доштед. Тақдири он чӣ шуд?

- Вақте мехостем онро сабт кунем, ба мо киностудияву майдони сабт лозим буд. Барои ин бо амри президент аз шаҳри Ҳисор 16 гектар замин ҷудо шуд. Вале барои ҳуҷҷатгузории ин замин тамоми вазоратҳоро чарх задем. Ҳине барои як имзо ба яке аз вазоратхонаҳои кишвар рафтам, раиси ин ниҳод ҳисобкунакашро пеш кашид, чанд рақамро чинд ва ошкоро гуфт: ин қадар маблағ мешавад!


- О, чаро? Ин ҷо фармони президент ва имзои сарвазир ҳаст. Як имзои Шумо лозим аст, - оромона гуфтам ман.

Не, раис аз раъяш гаштанӣ набуд. Гуфтам: чанд сомонӣ маош мегирӣ? Гуфт, фалон қадар. Ҳисоб мекунам, маоши яксолаашро талаб дорад. Дашноме додаму аз ҳуҷааш баромадам, ки ёрдамчиаш аз пасам омад:

- Хайр, раис ин қадар гуфтан, шумо нисфашро ҳам диҳед мешавад. Ин барои ману раис не, барои боло...

- Дар чанд муддат ҳуҷҷатҳоро гирифта метавонам, - гуфтам бар ӯ.

- Як моҳ.

- Пас кадом сана омада гирам?

- Бигзор бегоҳ омада гиред...

Хулоса тақдираш ба фасоде, ки дар боло гуфтам печид ва ман аз сабти он даст кашидам, ҳоло намедонам чӣ тақдире дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.