Дар вилояти Ботканди Қирғизистон аз қочоқи нуриҳои минералӣ ба Тоҷикистон пешгирӣ шуд. Дар ин бора Tazabek.kg бо истинод ба маълумоти хадамоти матбуоти КДАМ-и ин кишвар аз 3 январ хабар медиҳад.
Мувофиқи ин маълумот, 1 январи соли 2023 аз кӯшиши интиқоли ғайриқонунии нуриҳои минералӣ аз қаламрави деҳаи Уч-Добои ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд ба деҳаи наздимарзии Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ҷилавгирӣ шудааст.
“Шаҳрвандони Қирғизистон, соли таваллудашон 1994 бо истифода аз автомашинаи Audi 100 мехостанд як долон (канал)-и қочоқ ташкил карда, бо роҳи наздиктарини сарҳад борҳоро ба миқдори начандон зиёд ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар натиҷа автомашина ва бор - 7 халта селитра мусодира шуда, аз рӯи ин далел тадбирҳои фаврии тафтишотӣ роҳандозӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли 2022 Вазорати кишоварзии Қирғизистон пешниҳод намуд, ки содироти нуриҳои минералӣ аз кишвар ба қаламрави давлатҳои берун аз ҳудуди қаламрави гумрукии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) манъ карда шавад, ки бештар ба Тоҷикистон дахл дошт.
Қобили зикр аст, ки то оғози корҳои саҳроӣ дар натиҷаи содироти дубора (реэкспорт)-и нуриҳои минералӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон, дар манотиқи ҷануби ин кишвар камбуди он ба мушоҳида мерасад.
Бо истифода аз барвақттар оғоз шудани корҳои саҳроӣ дар Тоҷикистон дар мавсими баҳор ва бинобар зиёд будани талабот ва гаронии нархи нуриҳои минералӣ дар ҷумҳурӣ, миёнаравон нуриҳои минералиро аз маҳалҳои Қирғизистон харида, гаронтар ба берун аз ҳудуди кишвар мефурӯшанд.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба нуриҳои минералӣ 550 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Лекин аз ин миқдор ду баробар камтар оварда мешавад.
Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳаҷми воридоти нуриҳои минералӣ ба кишвар дар се соли ахир тариқи зайл аст:
- соли 2020 - 204 ҳазор тонна ба маблағи 44,3 млн доллар;
- соли 2021 - 198 ҳазор тонна ба маблағи 42,1 млн доллар;
- 6 моҳи соли 2022 - 104 ҳазор тонна ба маблағи 35 млн доллар.
Агар нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли гузашта (143 ҳазор тонна ба маблағи 29 млн доллар ё худ 202 доллар барои 1 тонна) ва имсола (336 доллар барои 1 тонна) муқоиса шавад, пас нарх ба ҳисоби миёна 66% боло рафтааст.
“Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам!” Корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар меъмори давлатдории тоҷикон
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста