Абдуқаҳҳор Розиқов шаби 2-юм ба 3-юми январ аз сӯйи маъмурони милиса дастгир ва дар шароити мармуз ҷон бохт. Мақомот дар ибтидо ва дар пайванд ба марги ӯ се милисаро боздошт карда, вале танҳо нисбат ба як нафар парванда кушоданд.
Эътирозгарон рӯзи душанбе талаб кардаанд, ду милисаи дигаре, ки дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов гумонзад буданд, низ боздошт шаванд.
Давлат Розиқов, бародари Абдуқаҳҳор Розиқов, рӯзи 30-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо онҳо Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб, суҳбат кард.
"Мо ба он хотир рафтем, ки корро қонунӣ бинанд. Ду нафарро ҷавоб доданд, фақат як касро парванда карданд. Як нафар имкон надошт, ки Абдуқаҳҳорро бикушад. Мақсади мо ҳамин буд. Гуфтем, аз рӯйи қонун тафтиш кунанд. Бо раиси шаҳр гап задем. Гуфт, тафтишот аст ва ҷавоби ташхис ҳанӯз наомадааст," – афзуд ӯ.
Дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб омадани гурӯҳе аз сокинонро тасдиқ карданд, аммо ҷузъиёт надоданд. Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб, ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надод.
Яке аз наздикони Абдуқаҳҳор Розиқов, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, намояндаи Идораи амният ва Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлоб низ бо онҳо суҳбат кардаанд. Онҳо иҷозат надодаанд, ки аксу навор бардошта шавад.
"Гуфтанд, ҳар чизе доред, ба мо гӯед, худамон ҳал мекунем. Дар Интернет паҳн мекунед, ҳеч чиз ҳал намешавад. Таъкид карданд, ки дигар одами бисёр ҷамъ нашавед ва ҳар вақте омадед, ду-се нафар оед," -- гуфт ӯ.
Даҳҳо сокини Кӯлоб рӯзи 3-юми январ дар назди сардхона ё "Морг"-и Кӯлоб ҷамъ шуданд. Онҳо талаб карданд, ки то милисаҳои гумонбар боздошт нашаванд, аз назди сардхона дур намешаванд. Он шом мақомот се милисаи дастбастаро ба наздикони ҷавон нишон доданд ва онҳо ҷасадро гирифта бурданд.
Марги сокинон пас аз боздошт аз сӯйи маъмурони интизомӣ ҳамеша эътирозу танқидҳоро дар пай дорад. Ҳалокати Гулбиддини Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, дар моҳи ноябри соли 2021 боис ба эътирози чоррӯзаи сокинон шуд.
Он замон низ мақомот ваъдаи таҳқиқи ҳодисаро доданд ва кумисюнеро аз ҳисоби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ созмон доданд. Пас аз ним сол сокинон бо талаби таҳқиқи ҳодиса эътироз карданд, вале мақомот норозиёнро саркӯб ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро боздошту солҳои дароз зиндонӣ карданд.
“Хонаҳо таҳкурсӣ надошта ва фарсуда буданд”. Хисороти заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳ
Пешниҳоди авфи муҳоҷирони ихроҷшудае, ки ҷиноятҳои ночиз содир кардаанд
Футболбозони тоҷик бо мунтахаби Кувейт бозӣ мекунанд
13 ҷудокори тоҷик ба Анталияву Маскав мераванд
Фаъолияти радиои ВВС-и форсӣ пас аз 83 сол қатъ шуд
Ҳалокати 2 нафар дар Кӯлоб бар асари садамаи нақлиёти мошини боркаш
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста