Баҳодур Ҷӯрахон, иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб рӯзи 1-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба қазияи марги Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки боиси эътирози даҳҳо нафар дар назди ҳукумати шаҳр гардид, як нафар милиса боздошту, ду милисаи дигар бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист, озод шудаанд.
“Абдуқаҳҳор Розиқов дар утоқи кории корманди оперативӣ Шарипов Шамшод фавтидааст, аз ин лиҳоз ин корманди милиса дар боздошт қарор дорад. Нисбати ду нафари дигар тафтишот идома дорад”, - гуфт Баҳодур Ҷӯрахон.
Бояд гуфт, ки 3-юми январ даҳҳо сокини Кӯлоб дар назди сардхона эътироз карда, хостори муайян кардани сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин корро карданд. Он замон мақомот аввал аз боздошти се милиса хабар доданд ва баъдан гуфтанд, ки ду нафари онҳо бо шарти тарк накардани маҳалли зист раҳо шудаанд.
Баҳодур Ҷӯрахон мегӯяд, ки ҳоло онҳо натиҷаи ташхисро интизоранд ва интизор меравад, ки рӯзҳои наздик натиҷаи ташхис барояд.
Дар ин баробар, иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб аз рафтори эътирозгарон низ норозигии худро баён кард.
“Мо бо пайвандони марҳум бо дарки ҳолати рӯҳии онҳо муносибат кардем. Рафтори онҳо низ нодуруст буд, ки тирезаҳои бинои МОРГ-ро шикастанд, аммо мо эҳсосоти онлаҳзаинаи онҳоро дарк карда, бархӯрд намудем. Ҳамин буд, ки ҳоло наздикони марҳум бо мо ҳамкорӣ доранд ва ҳолати воқеии кор тафтиш мешавад”, - гуфт Баҳодур Ҷӯрахон.
Нуктаи дигаре, ки ӯ таваҷҷӯҳ намуд, ин таъсири “нерӯҳои манфиатдор” ба ҳодисаи марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва эътирози наздиконаш буд.
“Эҳсос мекунем, ки баъзе қувваҳое, ки бар зиди давлат ҳастанд, бар зидди халқу миллат ҳастанд, қазияи Кӯлобро моҳирона ба манфиати худ истифода бурда истодаанд”, - гуфт Баҳодур Ҷӯрахон.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3-юми январ наздикони Абдуқаҳҳор Розиқов дар назди сардхона эътироз карда, хостанд сабаби марги ӯ мушаххас шавад ва гунаҳкорон ҷазо гиранд.
Абдуқаҳҳор Розиқов ба иттиҳоми даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир шаби 2-юми январ дар Кӯлоб боздошт шуд ва дар шароити мармуз даргузашт.
Наздиконаш мегӯянд, ӯ зери шиканҷа ҷон додааст. Вазорати корҳои дохилӣ дар эъломияе гуфт, ӯ бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт. Додситонии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳанӯз тафтиш сабаби марги ӯро маълум накардааст.
Ҳушдор ба ҷаҳон ва таъсиси хилофат. Изҳороти Амири Толибон чӣ паём дорад?
Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро зиёд карда, содироти онро кам мекунад
Толибон эълон карданд, ки теъдоди артиши худро то 200 ҳазор сарбоз афзоиш медиҳанд
Биноҳои обод гарданд хароб... Маҷмааи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд кай обод мешавад?
Зироати ғалладона дар Қазоқистон ва Русия арзон шуд. Дар Тоҷикистон ҳам мешавад?
Тоҷикистониёнро дар моҳи апрел чӣ гуна обуҳаво интизор аст?
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе меояд
Роҳандозии хатсайрҳои ҳавоии Nordwind ба Душанбе аз Оренбург ва Самара
Пас аз боздошти журналисти “The Wall Street Journal” Амрико аз шаҳрвандонаш хост, Русияро тарк кунанд
“Муҳофизи Норак”. Раисе, ки маоши худро ба муаллимон медод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста