Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода мақомот ва шаҳрҳои аз ҳама бештар ба коррупсия дастдоштаро номбар кард.
Дар нишасти матбуотии имрӯз, 17 феврал ӯ хабар дод, ки соли гузашта дар ҷараёни санҷишҳои Агентӣ 2 ҳазору 155 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор шудаанд, ки 918-тоашон ҷиноятҳои вазнин мебошанд.
“Маблағи умумии зиёни ошкоршуда 247 млн сомониро ташкил дода, ҳамаи он ба нафъи давлат барқарор карда шуд”, - иброз дошт Султонзода.
Ба гуфтаи ӯ, қонуншиканиҳои аз ҳама назаррас дар сохторҳои Вазорати маориф ва илм (беш аз 30 млн сомонӣ), ТАЛКО (“Ширкати алюминии тоҷик”, 28 млн сомонӣ), Агентии захираҳои давлатии моддӣ (зиёда аз 15 млн сомонӣ) ошкор шудааст.
Ҳамчунин миёни мақомту муассиса ва ташкилотҳо қонуншиканиҳои нисбатан зиёди коррупсионӣ дар фурудгоҳи Кӯлоб, ширкати “Барқи тоҷик”, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, “Амонатбонк” ва ғайра ошкор шудааст.
Султонзода зикр кард, ки дар натиҷаи санҷиши 19 лоиҳаи сармоягузорӣ ба мабағи 8,6 млн сомонӣ зарар ошкор ва барқарор карда шуд.
Аз ин миқдор 3,5 млн сомонӣ ба Маркази идораи лоиҳаи рушди зерсохтори маъмурӣ (коммуналӣ)-и Хоҷагии манзилию коммуналӣ,
Ва боз 1,6 млн сомонӣ - ба Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои соҳаи электроэнергетика” рост меояд.
“Дар ҷараёни санҷишҳои иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ дар ҳаҷми 62,4 млн сомони зиён ошкор шуда, 60,4 млн сомонии он барқарор шуд”, - гуфт Султонзода.
Ба сегонаи фасодзадатарин шаҳру навоҳӣ инҳо дохил шуданд:
Ҳисор (зарар - 5,8 млн сомонӣ
Хуҷанд (5,7 млн сомонӣ)
Ёвон (4,5 млн сомонӣ)
Дар идома Зафаробод (4,2 млн), Конибодом (3,5 млн) ва ноҳияи Рӯдакӣ (3,4 млн) қарор доранд.
“Сарфи назар аз мавҷуд будани хидматрасониҳои электронӣ ва ғайринақдӣ, то ҳол шахсони масъул дар соҳаҳои буҷетӣ бо истифода аз беназоратии роҳбарон пешниҳоди хидматрасониҳоро дар маҳалҳо бо пули нақд афзалтар дониста, ба ин васила, маблағҳои давлатиро азхуд мекунанд”, - зикр кард Султонзода.
Сокинони Русия теъдоди муҳоҷиронро беҳад зиёд донистаанд
Боздошти духтари 19-сола барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
“Abu Dhabi Grand Slam 2024”. Ҷудокорони тоҷик соҳиби се нишон шуданд
Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, аломатгузории марз бо Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист
Раводид ба Туркия. Маркази раводиди Туркия дар Тоҷикистон ба муҳимтарин саволҳо ҷавоб медиҳад
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста