Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як сокини 61 - солаи пойтахтро бо номи Ҳ.Қ. барои машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ дастгир намудааст.

Дар ин бора сомонаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин зан дар манзили истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, дар баробари иҷрои амалҳои фолбиниву сеҳргарӣ, ҳамзамон дар муҳити ғайрисанитарӣ ба хунгирӣ (ҳиҷома) низ машғул будааст.

“Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии ӯ як қатор ашё ва предметҳое, ки барои сеҳргариву фолбинӣ истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд”,- афзудааст ин ниҳод.

Гуфта мешавад, ҳангоми санҷиши Раёсати ВКД дар хонаи ин зан 3 нафар барои иҷрои амалҳои фолбинӣ ҳузур доштаанд.

Таъкид мегардад, ки зани боздоштшуда ягон хел маълумоти тиббию динӣ надоштааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Ҳ.Қ. тибқи талаботи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон машғул шудан бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ тибқи қонунгузорӣ манъ аст. Ҳамчунин, бар асоси талаботи динӣ низ машғул шудан бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ иҷоза дорда намешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.