Додситонии кулли Тоҷикистон қазияи таниши лафзии Маҳмадалӣ Акрамов, духтури Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва пулчинаки нақлиёти ҷамъиятиро шарҳ дод. Пайвандони табиб ҳам дар сӯҳбати ҷудогона бо “Азия-Плюс” фарзияи худро баён карданд.

Додситонии кулл менависад, тахминан соати 14:00 дақиқаи рӯзи 19-уми май Муродов Бобоҷон Фирдавсович, соли таваллудаш 2005, ки дар автомашинаи мусофиркашонии хатсайри №8, таҳти идоракунии ронанда Пиров Темур Сироҷиддинович, ба ҳайси ҷамъоварандаи маблағи роҳкиро (кондуктор) фаъолият мекард, ҳангоми дар назди роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштанаш, бо шаҳрванд Акрамов Маҳмадалӣ Сайдалиевич, санаи таваллудаш 12 ноябри соли 1963, сокини шаҳри Душанбе ва духтури Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, дар заминаи муносибати дағалии байниҳамдигарӣ, муноқиша кардааст.

“Дар ҷараёни муноқиша, Акрамов М.С. ба нақлиёти мусофиркаш нанишаста, ба суроғаи модари Муродов Б.Ф. дашномҳои қабеҳ медиҳад. Ноболиғ Муродов Б.Ф., бинобар аз ҷониби Акрамов М. таҳқир гардидани модараш, бо истифодаи зӯроварӣ, бо мушти дасти росташ ба рухсораи шаҳрванд Акрамов М.С. зарба задааст. Дар натиҷа Акрамов М.С. ба замини мумфарш афтида, дар натиҷаи бархӯрдани сараш ба он, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”, - менависад Додситонии кулли кишвар.

Ин ниҳод меафзояд, ки баъди ҳодиса аз тарафи худи ноболиғ Бобоҷон Муродов ва дигар шахсони дар ҷои ҳодиса ҳузурдошта, духтур Маҳмадалӣ Акрамов барои расонидани ёрии тиббӣ ва табобат ба беморхонаи шаҳраки “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.

Бино ба таъкиди Додситонии кулл хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ маълум кардааст, ки осеби бардоштаи Маҳмадалӣ Акрамов боиси марги ӯ пас аз 8 шабонарӯзи бистарӣ шуданаш гаштааст.

Додситонии кулл фарзияи “дар наздикиҳои маҳаллаи Зарафшон байни билетчинаку ронанда аз як тараф ва як пирамарди мусофир аз тарафи дигар баҳс ба амал омадан ва бетараф наистода, ба ҳимоят аз он мӯсафеди таҳқиршуда сухан гуфтани Маҳмадалӣ Акрамов, инчунин дар истгоҳи охирин фаромадани духтур ва дар ҳамин вақт билетчинак монтировка дар даст, давида омада бо он ба сараш як зарба задану боз бо ронанда якҷоя ба сару рӯи ӯ чанд шатта зада, маршруткаашонро ронда рафтанашон”-ро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, рад карда, гуфтааст, асоси воқеӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони Маҳмадалӣ Акрамов дар сӯҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ карда, таъкид карданд, ки “марҳум ҳақоратчӣ набуд”.

Аъзамҷон Акрамов, додари Маҳмадалӣ Акрамов, низ шарҳи Додситонии куллро тасдиқ мекунад, аммо бовар надорад, ки бародараш дашном дода бошад.

“Маҳмадалӣ талоши нишастан ба нишастгоҳи пеши мошин мекунад, вале пулчинак монеъ мешавад ва гӯё бародари ман модари он кӯдакро ҳақорат мекунад. Пулчинак ба зери чашми Маҳмадалӣ як мушт мезанад ва ба асари ин, бародарам ба замин афтода, осеби ҷисмонӣ мебардорад. Ман ба ин тарз рух додани ҳодиса бовар надорам, зеро бародарам дар 60 соли ҳаёташ ҳақорат накарда буд, он ҳам ҳақорат аз модар”, - гуфт Аъзамҷон Акрамов.

Аъзамҷон Акрамов тасдиқ кард, ки пас аз беҳуш шудани Маҳмадалӣ Акрамов пулчинаки ноболиғ ӯро ба Бемористони “Шифобахш”, маъруф ба Қарияи Боло, мебарад ва дар он ҷо аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт мешавад.

Додситонии кулл менависад, ки оид ба ҳодисаи мазкур аз тарафи ВКД нисбати ноболиғ Бобоҷон Муродов бо моддаи 110, қисми 3, банди “в” (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардидааст)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва номбурда ба ҳабс гирифта шудааст.

Айни замон тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.