Дирӯз, 13-уми июн, дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷик бо Ҳасан Ҳасанов, нафаре, ки ӯро ба қаллобӣ гунаҳкор мекунад, рӯбарӯ суҳбат кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки дар мурофиаи аввалин, вакили дифои Бузургмеҳзр Ёров, ки хонаводаи онҳо гирифта буданд, роҳ наёфт, вале Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр ва адвокате, ки мақомот ҷудо карда буданд, иштирок ва шоҳиди “баҳси рӯбарӯ” буданд.
Хосият Ёрова гуфтааст, Ҳасан Ҳасанов пойфишорӣ кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодиаш аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Вале Бузургмеҳр Ёров чунин муомила бо Ҳасан Ҳасановро рад карда, онро “тӯҳмати навбатӣ” номидааст.
Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва раиси “Бунёди Бузургмеҳр” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, адвокати давлатие, ки мақомот ҷудо крада буд, чанд соат пеш аз мурофиа даъват шудааст ва маълум нест, ки ӯ то куҷо дар муддати кӯтоҳ 500 саҳифаи парвандаро хондааст.
Ӯ мегӯяд, эҳтимол мақомот бо ин парвандаи нав мехоҳанд, Бузургмеҳрро гунаҳкор эълон карда, ба зиндони низомаш сахт дар шаҳри Бохтар интиқол диҳанд.
Қаблан Бузургмеҳр Ёров дар як номааш аз зиндон даъвои Ҳасан Ҳасановро тӯҳмат номида, аз тафтишот хоста буд, ки ӯро бо маҳбуси даъвогар рӯбарӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар мурофиаро диҳанд.
Моҳи апрели соли равон, Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ бар зидди Бузургмеҳр Ёро бар асоси шикояти як маҳбус бо номи Ҳасан Ҳасанов бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон дар ҳолати ретсидивиӣ (моддаи 247, қисми 4, бандҳои “а” ва “б”) парвандаи нав ва ҳамакнун чорум боз карда, ӯро аз зиндон ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе интиқол дода буданд.
Мавқеи мақомот ва наздикони даъвогар дар робита ба парванда маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони дифои саршиноси тоҷик аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар маҳбас қарор дорад. Ӯро барои “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд” гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.
Худи Бузургмеҳр Ёров ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ номидааст.
Кобусе бо номи колхоз. Нигоҳе ба бунёди колхозҳо дар Тоҷикистони Шӯравӣ ва паёмадҳои он дар рӯзгори мардумони он замон
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2024
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста