Як сокини шаҳри Душанбе барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба корманди милитсия 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора Раеёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Манбаъ аз ӯ Ҳокимҷон Файзуллоеви 26-сола, истиқоматкунанда шаҳри Душанбе, маҳаллаи Пахтакор ном бурдааст, ки дирӯз, 15-уми июн дар кӯчаи Неъмат Қарабоев тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, “бо садои баланд доду фарёд намуда, дар баробари ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накардан, ҳамзамон боиси халалдор гаштани оромии шаҳрвандону атрофиён гаштааст”.
Ба иттилои ин ниҳод, номбурда дертар боздошт гардида, бар зиддаш барои майдаавбошӣ (моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудааст.
РВКД дар шаҳри Душанбе гуфт, зимни баррасии парванда “Ҳокимҷон Файзуллоев худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ гунаҳгор шуморида, ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдори зиддиҷамъиятӣ даст назадан, сидқан изҳори пушаймонӣ намуд”.
“Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам!” Корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар меъмори давлатдории тоҷикон
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста