Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми июни соли равон як ҷавонро барои авбошӣ ва одамкушӣ 17 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард. Дар ин бора додгоҳи пойтахт хабар додааст.
Манбаъ аз ин ҷавон Валиҷон Шеров ном бурда, гуфтааст, баҳси ӯ бо як ҷавони дигар, ки аз он ном бурда намешавад, бар сари як духтар оғоз ёфта, ниҳоят ба кордкашӣ ва хунрезӣ расид.
Ҳодиса дар кӯчаи Н.Махсум 10/2-и шаҳри Душанбе (дар наздикии маркази савдои “Сомон”) рӯзи 2-юми феврали соли равон, баъди суҳбати як ҷавони дигар бо дӯстдоштаи Валиҷон Шеров сар зада, дуввуи он ҷавонро ба “разбор” даъват кардааст.
Манбаъ менависад, ҳарду иштирокчиёни муноқиша бо рафиқонашон ба ҷои таъиншуда меоянд ва “дар аснои суҳбат онҳо бо ҳам ба созиш омада, бо якдигар даст дода, муросо намуданд”.
Вале дар ҳамин лаҳза як нобилиғ, ки ҳамроҳи ҷониби дигар омада буд, “маҳкумшуда Шеров В.А-ро ба назди худ даъват намуда, бе асос як мушт ба қисмати рӯйи охирин зада, муноқиша ба миён овард”.
Дар ҳамин лаҳза, дигарон низ ба муноқиша ҳамроҳ мешаванд ва “Шеров В.А. аз ҷайбаш корди бо худ доштаро бароварда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ноболиғ Ҳ.И. ба узвҳои ҳаётан, махсусан, муҳими бадани ноболиғ Ҳ.И. (ба қисмати шикамаш) як зарба зад. Ин ҳолатро ноболиғ Ҳ.И. дида, бо овози баланд гуфт, ки “гурезен, ки дар дасташ корд дорад, рўдаҳоям баромад”.
Дар идома Валиҷон Шеров ҳангоми гурехтани ноболиғ Ҳ.И. ду маротибаи дигар ба қисмати пушти баданаш ва бо илова “боз шаҳрванд А.А.-ро бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қисмати болои оринҷи дасти чапаш зада, охиринро захмӣ намуд”.
Ҳамин тариқ, дар натиҷа А.А. ноболиғ Ҳ.И. ҳангоми дастрас кардан ба беморхонаи “Шифобахш” дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Валиҷон Шеров барои одамкушӣ ва авбошӣ (моддаҳои 104 қисми 2, бандҳои “в” ва “к” ва моддаи 237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуда, бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе 17,5 сол равонаи зиндон гардид.
“На дар ҳама ҷо”. Сокинони Душанбе то куҷо худро амн ҳис мекунанд?
“Агар танҳо дар рӯйи коғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста