Анна Ревенко, вазири корҳои дохилии Молдова дар пайи ҳодисаи тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв, ки бар асари он ду нафар кушта шуд, истеъфо дод. Якҷо бо ӯ ҳамчунин, Анатолий Топале, вазири маориф ва Лилия Дабижа, раиси вазорати инфрасохтор низ ба истеъфо рафтанд.
Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Дорин Речеан, нахуствазири Молдова хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, нахуствазир гуфтааст, ки номзадҳо ба мансабҳои холишударо ҳафтаи оянда ба президент Майя Санду пешниход мекунад.
Тирпарронӣ дар фурудгоҳи шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова рӯзи 30-юми июни соли 2023 рух дод. Рустам Ашуров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба иддаои мақомоти тоҷик дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев, мувоини раиси “Ориёнбонк” даст дошт, баъди гирифтани посухи рад барои убури сарҳад ду афсари пулиси марзро ҳадафи тир қарор дода, як мусофирро бо корд захмӣ кард.
Дар ҷараёни амалиёти боздошт худи Рустам Ашӯров низ шадидан захмӣ ва бистарии бемористон шуд. Ӯ дар бемористон ба худ наомада, ҷон дод.
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои рӯшан кардани ҷузъиёти ҳодиса ба Молдова сафар карданд, аммо маълум нест, ки натиҷаи ин сафар чӣ шуд.
Қаблан, баъди чанд лаҳзаи тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв, мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки Рустам Ашӯров соли 2013 дар ватани худ барои содир кардани ҷиноят аз кор дар сафи мақомот озод гардида, барои муддате зиндонӣ шудааст. Ӯ пеш аз муҳлат ба озодӣ баромада, рӯзи 23-уми июн дар рабудани бонкир дар Душанбе иштирок кардааст.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ рӯзи 1 июл хабар дод, ки Рустам Ашӯров дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев гумонбар аст.
Ҳоло дар Тоҷикистон ҷустуҷӯи Шуҳрат Исматуллоев идома дорад.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста