Додгоҳи шаҳри Митишии Русия шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро ба 6,5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Сайёра Дусаеваи 36-сола ба куштори шаҳрванди Гурҷистон гунаҳкор дониста шуд, менависад Радиои Озодӣ.
Ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 4 январи соли равон дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав рх дод. Сайёра аз ҷониби ошпази тарабхона мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор гирифта, барои ҳимояи худ бо корд ба ҷисми марди ҳамлавар зарба зад. Марди ҳамлавар баъдан ба ҳалокат расид.
Дар наворе, ки расонаҳои русӣ паҳн намуданд, саҳнаи муноқиша нишон дода мешавад. Ба мушоҳида мерасад, ки як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона латукӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво мебинад ва шаъну шарафи ӯро паст мезанад. Сайёра Дусаева маҷбур мешавад барои ҳимояи худ бо истифода аз корд худро аз марди ҳавлавар ҳимоя кунад.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, парвандаи Сайёра Дусаева моҳи январи имсол пурсарусадо шуд. Ҳамкоронаш гуфтанд, ба сабаби дастдарозии марди ошпаз Сайёра ӯро бо зарби корд куштааст. Ҳамкорони Сайёра ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфтаанд, "ҷанҷол пас аз шӯхӣ ва дастдарозии мард ба зан оғоз ёфтааст".
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 13 июл изҳор доштаанд, ки адвокати Сайёра Дусаева ният дорад, ки аз болои ҳукм ба зинаи болоии таҷдиди назар шикоят барад.
Дар ин робита Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли дархост аз Додситонии кулли Русия дархост намуда буд, ки қазияи Сайёра Дусаеваро холисона тафтиш намояд.
Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Владимир Колокотсев, вазири корҳои дохилии Русия низ мактуб ирсол намуда, хоҳиш намуда буд, ки ҷиҳати воқеъона баррасӣ намудани қазияи Сайёра Дусаева ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат кунад.
Абубакр Дусаеви 8-сола бинобар бесарпаноҳ мондан бо мусоидати Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 24-уми январ ба Тоҷикистон оварда шуд.
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Ҳушёрхонаи тиббӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунад: ҷараёни қабул ва ёрӣ
Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима мешаванд
“Долони соддашудаи гумрукӣ" миёни Тоҷикистону Русия - қадаме сӯйи ИИАО?
Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп барқияи табрикотӣ ирсол кард
Аҳмади Иброҳим иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста