13 сол пеш аз ин, 27-уми августи соли 2010, Низомхон Ҷӯраев, яке аз соҳибкорон ва сарватмандони шинохта, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, собиқ директори генералии корхонаи кимиёи Исфара бо дархости Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Русия боздошт гардид.

Ӯ наздики 2 сол дар боздоштгоҳи Маскав буд ва вакилони дифояш то ба Додгоҳи Аврупо муроҷиат кардаву барои истирдодаш ба Тоҷикистон монеъ шуданд. Соли 2012 раҳо шуд ва чанд рӯз пас дар Тоҷикистон пайдо гардид. Тавассути телевизиони давлатӣ гуфт, “бо хоҳиши худ ва барои модари пиронсолаш ба Ватан баргаштааст”.

Наздики 2 соли дигар дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон қарор дошт ва соли 2014 боз “фирор” кард.

Дар ин миён, танҳо соли 2018 барои 2 рӯз дар Украина дастгир шуд, аммо каме баъд озод гардид.

Инак 9 сол мешавад, ки Низомхон Ҷӯраевро мақомоти Тоҷикистон боздошт карда наметавонанд.

Низомхон Ҷӯраев кист?

Ӯро то соли 2007 яке аз шахсони сарватманд ва пурнуфуз дар вилояти Суғд медонистанд Қабл аз эҳтирому нуфуз пайдо кардан, ӯ дар коргоҳи ҷӯроббофии шаҳри Душанбе кор мекард.

Баъдан, бо оғози хусусигардонии моликияти давлатӣ, Низомхон Ҷӯраев коргоҳи консервабарорӣ ва тавлиди спирт дар Исфароро соҳиб шуд. Ба ин тариқ, бо роҳандозии тавлидоту коркарди корхонаҳояш, ӯ соҳиби маблағ гашт ва ба оҳистагӣ ба соҳибкори муваффақ табдил ёфт.

Дар интихоботи парлумонии соли 2005 ба унвони вакили Маҷлиси вилояти Суғд интихоб шуд. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 бошад, ба ҳайси яке аз шахсони боэътимоди номзад Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунии Тоҷикистон фаъолият кард.

Низомхон Ҷӯраев он замон бо мақомдори давлатӣ равобити хуб дошт ва асрори муваффақияташ дар тиҷорат ҳам ҳамин буд.

27-уми сентябри ҳамон сол ба ҷони ӯ сӯиқасд шуд ва ҷон ба саломат бурд.

Он замон фарзияи ташкили суиқасд аз сӯйи худи Ҷӯраев ба манзури нишон додани садоқат ба мақомоти сиёсии кишвар низ баррасӣ мешуд.

Пас аз чанде аз ин ҳодисаҳо, Низомхон Ҷӯраев аз Тоҷикистон фирор кард. Дар ватан алайҳи ӯ ва 33 нафар хешу табор ва коргарҳояшу шиносҳояш парванда боз гардид, ки баътар бо номи “парвандаи исфарагиҳо” машҳур шуд.

Сабаби оғози парвандаи ҷиноятӣ куштори собиқ муовини додситони кул?

Абдуқаюм Юсуфов, яке аз вакилони дифоъ дар “парвандаи исфарагиҳо” ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Асоси оғоз шудани қазия ва парвандаи ҷиноӣ гуфтан мумкин аст, ки кушода шудани гиреҳи куштори собиқ муовини додситони кул Толиб Бобоев буд, ки зимни баррасӣ бархе дигар шарикон ва ҳамшарикони ҷиноят ошкор ва ба думболи он ҷиноятҳои нави дигар низ фош гаштанд”.

Абдуқаюм Юсуфов
ВВС

Толиб Бобоев, собиқ муовини додситони кулли Тоҷикистон моҳи январи соли 1999 дар шимоли Тоҷикистон кушта шуд.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ Алӣ Бекназаров, яке аз нафароне, ки чун “аъзои гуруҳи ҷиноии ташкилнамудаи Низомхон Ҷӯраев” боздошту муҳокима шудааст, даст доштани худ дар куштори Толиб Бобоевро эътироф кардааст, аммо тавре вакили дифои ӯ зикр намудааст, ин фармоишро на Низомхон Ҷӯраев, балки нафари дигар кардааст.

“Говсуд”-и 33 исфарагӣ

Вақте Низомхон Ҷӯраев дар фирор қарор дошт, дар Тоҷикистон алайҳи 33 нафар наздик ва корманди корхонаҳои марбут ба ӯ парванда боз шуд ва онҳо дар ҳамдастӣ бо Ҷӯраев дар куштор, таъсиси гурӯҳ ва иттиҳодияи ҷиноӣ, азхудкунии амвол ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам шуданд.

Бобоҷон Бобохонов

Ду нафар озод, аммо 31 нафари боздоштшудагон ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд. Ҳарчанд Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли вақт эътироз кард, ки дар ҷараёни тафтишот ва мурофиа ба хатогиҳо роҳ дода шуд ва муттаҳамон “говсуд” шуданд.

Дар ин миён Низомхон Ҷӯраев, ки “сардори гуруҳ” муаррифӣ мешуд, дар фирор қарор дошт.

Боздошти аввал

27-уми августи соли 2010 Низомхон Ҷӯраев аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Хамовникии шаҳри Маскав боздошт шуд.

Он замон Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД-и Тоҷикистон гуфта буд, ки Ҷӯраевро бо дархости вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздоштаанд.

Низомхон Ҷураев замони боздошт дар Украина

“Ҳозир музокирот идома дорад. Бар асоси тавофуқи дуҷониба, Низомхон Ҷӯраев ба ҳамин наздикӣ ба Душанбе оварда мешавад”, - гуфта буд он замон Маҳмадулло Асадуллоев.

Аммо ӯ наздики 2 сол дар боздоштгоҳи Маскав буд ва вакилони дифояш то ба Додгоҳи Аврупо муроҷиат кардаву барои истирдодаш ба Тоҷикистон монеъ шуданд. Соли 2012 ӯ раҳо шуд.

Эътироф тавассути телевизион

Санаи 7-уми апрели соли 2012 дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронии Ҷӯраев ба намоиш гузошта шуд. Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст.

Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат, Агентии зиддифасод то анҷоми мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ӯро озод карда буд.

Ҳамин тавр, ӯ ҳамкориро бо мақомоти Тоҷикистон оғоз кард ва наздики 2 соли дигар дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон қарор дошт.

Ӯ аз ҷумла алайҳи соҳибкории зиндонии тоҷик Зайд Саидов низ шоҳидӣ дод.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасод, ки он замон аъмоли Низомхон Ҷӯраевро тафтиш мекард ва соҳибкор зери назорати мақомоти ӯ буд, гуфта буд, ки ҳамаи кор дар доираи қонун пеш рафта истодааст.

Фаттоҳ Саид

“Албатта дар ҷиноят даст дорад, худиқрорӣ дода истодааст. Дар мавриди ҷиноятҳои самти иқтисодӣ иқрор шуда истодааст. Баъзе ҳолатҳое ҳаст, ки (дар содир шудани ҷиноят) ӯ ҳамчун роҳбар намегузарад, ин ҷиноятҳоро бархе дигар гурӯҳҳо кардаанд, ин мавридро ҳам дар назар мегирем”, -гуфта буд ӯ.

Тобистони соли 2014, Низомхон Ҷӯраев дар ҳоле ки таҳти назорати маъмурони Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон буд ва бояд ба суоли додрасҳои Додгоҳи олӣ посух мегуфт, ба таври мармуз “ғайб зад”.

23-юми июни соли 2014 Суди олии Тоҷикистон таъинот содир намуд, ки мутобиқи он, Низомхон Ҷӯраев  мавриди ҷустуҷӯ  эълон шуд.

Пас аз 4 сол, 11 январи соли 2018 Наталя Теличко, намояндаи расмии Додситонии кулли Украина, боздошти Низомхон Ҷӯраевро тасдиқ кард. Аммо рӯзи 13-уми январ Додгоҳи ноҳияи Борисполи вилояти Киев қарори боздошти Низомхон Ҷӯраевро рад кард ва ӯро раҳо намуд.

Ҳамакнун, бо гузашти 9 сол аз фирори дуюм, тақдири ӯ номаълум аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.