Дар миёни 540 нафар муҳоҷири корие, ки дар шаҳри Краснодар аз сӯи мақомоти қудратии Русия боздошт шуданд, тоҷикон низ ҳастанд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, бархе тоҷиконро барои вайрон кардани қоидаҳои давлати иқомат аз Русия ихроҷ кардаанд.
Аз сафорат аз додани теъдоди муайяни муҳоҷирони тоҷики боздоштшуда ва ихроҷшуда худдорӣ карданд ва танҳо гуфтанд, “айни замон теъдоди муҳоҷирони тоҷики ихроҷшуда муайян шуда истодааст”.
Дирӯз, 28-уми август расонаҳои русӣ хабар доданд, ки теъдоди зиёди муҳоҷирон дар рафти кор дар яке аз ширкатҳои биносоз рӯзи 25-уми август боздошт шудаанд, ки ҳамаашон шаҳрвандони Осиёи Марказӣ мебошанд.
Гуфта мешуд, ки ҳуҷҷатҳои боздоштшудагонро тафтиш карда, аксариятро ҷавоб доданд. Онҳое, ки қоидаҳои давлати иқоматро вайрон карданд, аз Русия ба кишвари худ ихроҷ карда шуданд
Рейди густардаи муҳоҷирон аз сӯи Кумитаи тафтишот ва Хадамоти федералии амнияти Русия баргузор гардидаанд.
Беш аз се моҳ мешавад, дар шаҳрҳои гуногуни Русия рейдҳои густурдаи мақомоти интизомӣ баргузор гардида, муҳоҷирон тафтиш, боздошт ва ихроҷ мешаванд.
Аз ҷумла, кормандони мақомоти интизомии Русия муҳоҷирони тоҷикро дар ҳар ҷо - бозор, ҷойи кор, масҷид, ба шеваи ғайримақбул ва дар баъзе ҳолат таҳқиромез боздошту латукӯб мекунанд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон чунин бархурд ба муҳоҷирон тоҷиконро натиҷаи рейдҳои нақшавии мақомоти Русия унвон карда гуфтанд, “дурустии амалкарди мақомоти он кишварро мавриди шубҳа қарор намедиҳад”.
Аз ҷумла, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуда буд, ки “Тоҷикистон дар ҳама сатҳҳо аз Русия талаб мекунад, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ ҳуқуқу озодиҳои заминавии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро риоя кунад.
Қаблан, Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон боздошту таъқиб ва фишорҳои охирро ба амалиёти махсуси “Нелегал”-и мақомоти қудратии ин кишвар рабт дода, гуфта буд, муҳоҷирони тоҷикро дар бораи “рейд”-ҳо огоҳ карда буданд.
Дар пайи латукӯби донишҷӯён ва боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистонро ба бинои вазорат даъват ва нигаронии худро аз бархӯрди номуносиб бо донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик иброз намуд.
Бархе коршиносон гуфтанд, муҳоҷирони меҳнатӣ давоми даҳсолаҳост, ки ба як василаи аслии фишори Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсӣ табдил ёфтааст ва ин аввалин маротиба нест, ки Русия аз ин “фишанг” истифода мекунад.
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Тоҷикистон бо манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё соҳиби ҷоиза гардид
“Ташнаи коргар”: Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Дар Исфара ва Хоруғ нерӯгоҳи барқи офтобӣ месозанд
Даъвати Хадамоти алоқа: Меҳмононро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунед!
Қатъи фаъолияти маркази дилхушии “Париж” ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбараш
Барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Чӣ бояд кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “ Машварат бо душмани хирадманд"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста