Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилӣ аз як ҳолати сӯиистифодаи шиносномаи Тоҷикистон хабар дод. Ин ниҳод навишт, як шаҳрванди Афғонистон дар солҳои 90-ум ба Тоҷикистон омада, бо шиносномаи як шаҳванди Тоҷикистон беш аз 20 сол дар ин кишвар зиндагӣ кард. ВКД гуфт, дар ниҳоят аъмоли ин шахсро ошкор, ӯ ҷарима ва ба Афғонистон ихроҷ карда шуд.
Ин ниҳод, дар вокуниши худ гуфт, иддаои “Бегмуҳаммад Давлатов, ки худро шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон мепиндорад, бепоя аст ва ӯ аслан Аслишо Мирзогули Ҷондоршо, шаҳрванди Афғонистон мебошад, ки чанд сол бо шиносномаи як шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ дар ин кишвар зиндагӣ кард”.
ВКД гуфт, номбурда тақрибан солҳои 1995-1996 аз Афғонистон ҳамчун гурезаи ғайрирасмӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудааст. Танҳо моҳи июни соли 2019 ҷинояти ӯ ошкор ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду сол равонаи зиндон шуд.
Гуфта мешавад, ки баъди адои ҷазо ӯ ба Афғонистон баргашта, бо ному насаби дигар - Тоҷик Бик Муҳаммад ба Тоҷикистон дубора бармегардад ва ҳамин тариқ, барои вайрон кардани қоидаҳои иқомат дар Тоҷикистон бо қарори додгоҳ аз 18 августи соли 2022 қариб 1000 сомонӣ ҷарима ва аз Тоҷикистон ихроҷ мегардад.
Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони дигар кишварҳо бо шиносномаи Тоҷикистон дастгир мешаванд ва дар амали онҳо изи ҷиноят дида мешавад. Солҳои гузашта, низ баҳси истифода аз ин санади муҳимми Тоҷикистон аз сӯи шаҳрвандони дигар кишварҳо расонаӣ шуда буд. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, чунин ҳолатҳоро дар чанд соли охир ёдоварӣ кунад.
Ҷосуси Русия, “наркабарон”-и қазоқ ва аъзои ДОИШ
Пурсарусадотарин қазияи вобаста ба истифодаи шиносномаи тоҷикӣ ворид шудани як ҷосуси Русия бо шиносномаи тоҷикӣ ба анбори аслиҳа дар Ҷумҳурии Чехия буд.
Мақомоти Чехия рӯзи 17-уми апрели соли 2021 гуфтанд, шаҳрванди Русия Руслан Боширов соли 2014 ҳангоми вуруд ба анбори аслиҳаи Врбетитсе аз шиносномаи хориҷии Тоҷикистон бо номи номи Руслан Табаров истифода кардааст.
Гуфта мешуд, ки Руслан Боширов (Табаров) дар дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла заҳролудсозии Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи рус дар Бритониё низ даст дорад.
Расонаҳо навиштанд, ӯ аслан Алексей Чепига, корманди ГРУ (Хадамоти иктишофии Русия) аст.
Он замон, мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи ин ки чӣ гуна шиноснома дастраси ин шаҳрванди Русия шудааст, худдорӣ карданд.
Рӯзи 15 июни соли 2021 дар шаҳри Алмаато як қочоқбар, ки дар Русия ҷустуҷӯй мешуд, бо 25 кг маводи мухаддир дастгир гардид. Ба иттилои Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ӯ барои фирор аз ҷавобгарии ҷиноятӣ шиносномаи қалбакии Тоҷикистонро истифода мебурд.
Аз ному насаб ва шиносномаи асливу қалбакии ӯ ном бурда нашуд.
Радиои “Осиёи Озод” моҳи августи соли 2019 хабар дод, ки Туркия се сокини вилояти Шинҷони Чинро, ки бо иттиҳоми тундгароӣ дар Чин ҷустуҷӯ мешуданд, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кард. Сипас, Тоҷикистон онҳоро ба Чин супорид.
Расонаҳо аз онҳо Зиннатгул Турсун ва ду духтари ӯ Ҳилол Шоҳинпур ва Бону Абдулло ном бурданд ва сабаби истирдоди онҳо ба Тоҷикистонро доштани шиносномаи тоҷикӣ гуфтанд.
Моҳи майи ҳамон сол Идораи муҳоҷирати Туркия бо нашри як баёния гуфт, зане ғайриқонунӣ ва бе санади ҳуввият дар торикӣ аз Сурия вориди Туркия шудааст ва иддао кардааст, ки “Зиннатгул Турсун, шаҳрванди Чин аст”, аммо тафтиши муштарак нишон додааст, ки дар воқеъ ин зан “Раҳима Аҳмадова, шаҳрванди Тоҷикистон аст”.
“Раҳима Аҳмадова, фарзандонаш Ҳилол Ширинпур, Бону Абдулло ва шавҳараш Абдулло Аҳмадовро аз фурудгоҳи Истанбул ба Душанбе ихроҷ кардаанд”, - гуфта шуд дар баёнияи мақомоти Туркия.
Аз афсари собиқи Вазорати дифои Русия то паноҳ бо шиносномаи “дӯст”
Соли 2017 Туркия Денис Хисамов, собиқ афсари Вазорати мудофиаи Русия, капитани 34-соларо, ки бо шиносномаи тоҷикӣ дар сафҳои Давлати исломӣ меҷангид, ба Тоҷикистон истирдод намуд.
Дар пайи ин қазия ВКД иттило дод, ки ӯ, моҳи майи соли 2015 бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистонро омода намуда, тавассути ин шиноснома аз Русия ба Туркия ва аз он ҷо ба гурӯҳҳои ҷинояткори ДОИШ пайвастааст, аммо маълум нест, ки шиноснома бо кадом ном таҳия шудааст.
“Денис Хисамов дар муноқишаҳо ва ҷангҳои сарзамини Ироқу Сурия фаъолона ширкат варзида, моҳи апрели соли 2017 вақти баргаштан аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз ҷониби кормандони милитсияи Туркия дастгир ва барои бо худ доштани шиносномаи қалбакии Тоҷикистон, ба Тоҷикистон фиристода шудааст”,-навишт ин ниҳод.
Хисамов аз Тоҷикистон ба Русия истирдод шуда, бо ҳукми Додгоҳи низомии ҳавзавии Қафқози Шимолӣ дар Ростови лаби Дон рӯзи 2 апрели соли 2019 ба 19 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуд.
Моҳи январи соли 2017 Далер Наҷмиддинов, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакиро аз Украина ба Тоҷикистон истирдод карданд. Ӯ бо худ шиносномаи узви дигари ДОИШ Бахтиёр Сатторовро доштааст. Бахтиёр Сатторов дар Сурия кушта шудааст ва Далер Наҷмиддинов бо истифода аз шиносномаи ӯ ба Украина паноҳ бурдааст.
Тақдири ояндаи Далер Наҷмиддинов маълум нест.
Ҳамлагорон ба сафорати Чин ҳам аз шиносномаи тоҷикӣ истифода кардаанд
Моҳи сентябри соли 2016 як шаҳрванди уйғуртабори Чин ва як шаҳрванди Ӯзбекистон ба сафорати Чин дар Бишкек ҳамла карданд. Маълум шуд, ки онҳо барои вуруд ба ин кишвар аз шиносномаи тоҷикии Бобоҷонов Фирдавс Муъминҷонович ва Халилов Зоир Абдуҳалимович истифода кардаанд.
Дар пайи ин қазия ВКД Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, Бобоҷонов Фирдавс Муъминҷоновичи 21-сола, зодаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ва Халилов Зоир Абдуҳалимовичи 33-сола, зодаи шаҳри Панҷакент узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳастанд.
Ин ниҳод гуфт, ин ду нафар таҳти пайгарди қонунӣ буданд ва маълум нест, чӣ гуна аз шиносномаи онҳо афроди бегона дар хоки Қирғизистон истифода кардаанд.
Моҳи июли соли 2015 ду зодаи Чеченистон Юсуп Амиралиев ва Ҷебр Воҳидов ҳангоми талоши убури марзи Русия бо Украина бо шиносномаҳои қалбакии Тоҷикистон дар гузаргоҳи “Погар” дастгир шуданд.
Онҳо қасд доштанд ба Сурия раванд ва аз тарафи “Давлати исломӣ” биҷанганд. Додгоҳ ҳардуи онҳоро ҷарима ва бо иттиҳоми қасди пайвастан ба сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ба 4 соли зиндон маҳкум кард.
Шиносномаи гумшудаи Хатича ва акси худ дар паспорти дигарон
Моҳи июли соли 2015 мақомоти Туркия як духтари ҷавони қирғизро ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишвар истирдод карданд.
Дар Тоҷикистон маълум шуд, ки ӯ Динара Аминжановаи 21-сола, шаҳрванди Қирғизистон аст, вале аз шиносномаи Элбегиева Хатича, шаҳрванди Тоҷикистон барои берун шудан аз Сурия истифода кардааст. Баъдан, мақомоти тоҷик ӯро ба Қирғизистон супурданд.
Элбегиева Хатича, сокини ноҳияи Ёвон се моҳ пеш аз ин қазия шиносномаашро дар Русия гум карда буд ва ҳеҷ робитае бо шаҳрванди Қирғизистон надошт.
Дар моҳи апрели соли 2015 як шаҳрванди Сурия дар марзи Беларус талош кардааст, ки бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина вориди Беларус шавад. Аммо таҳқиқи марзбонон дар минтақаи марзии Пинск ошкор кард, ки “шиносномаи ин шахс дасткорӣ ва зоҳиран, ба он акси дигар часпонда шудааст.”
Маъмурони амниятии Беларус ҳангоми кофтукови бори ин шахс шиносномаи ҳақиқии ӯро пайдо карданд, ки шаҳрванди Сурия буданашро ошкор кардааст.
Аз ному насаби ҳақиқӣ ва шиносномавии ӯ ном бурда намешвад.
Моҳи июни соли 2015 пулиси Молдова аз боздошти як “эмиссар”-и гурӯҳи “Давлати исломӣ” хабар дод, ки бо истифода аз шиносномаи тоҷикӣ вориди хоки ин кишвар шудааст. Пулис гуфт, маълум кардаанд, ӯ аслан чечен ва шаҳрванди Русия ҳаст, вале бо шиносномаи тоҷикӣ ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмадулло Нарзуллоев вориди хоки ин кишвар шудааст. Мақомот гуфтанд, ӯ ин шиносномаро сохтакорӣ кардааст.
Моҳи декабри соли 2014 марзбонони рус дар марзи Русия бо Беларус як шаҳрванди Ӯзбекистонро бо шиносномаи қалбакии Тоҷикистон боздошт карданд. Абдуҳофиз Холмуродов, шаҳрванди 32-солаи Ӯзбекистон аз соли 2013 дар пайгарди байнулмилалӣ қарор доштааст ва ӯро ҳамчун раҳбари як ҳалқаи Ҳаракати исломии Туркистон ҷустуҷӯ мекардаанд.
Шиносномаи тоҷикии ӯ мусодира гашт, ки ба гуфтаи пулиси Русия, аломатҳои дасткорӣ дошт.
Рӯзи 28-уми декабри соли 2014 дар фурудгоҳи шаҳри Минск, пойтахти Беларус, як шаҳрванди 31-солаи Ӯзбекистон, ки мехост бо шиносномаи қалбакии шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Зоҳир Ҳабибов ба ҳавопаймои Минск - Истанбул савор шавад, дастгир шуд.
Маълум шуд, ӯ дар асл Ҳусниддин Усмонов, сокини вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон буда, аз сӯйи мақомоти Ӯзбекистон бо иттиҳоми терроризм таҳти таъқиб қарор дошт.
Таҳлили кутоҳи ҳодисаҳо нишон медиҳад, ки аксари онҳое, ки аз шиносномаи Тоҷикистон истифода кардаанд, қасд доштанд ба гурҳҳои тундрав шомил шаванд.
Аксари онҳо аз марзи Туркия, ки мехостанд ба Сурия, минтақаи ҷангзада раванд, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Ҳамаи онҳо мехостанд бо ному насаби тоҷикӣ аз ҷавобгарӣ озод шаванд ва ё изи ҷиноятҳояшонро ҷои дигар кашанд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста